ХАБАРҲО

2021-05-27: ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ТОҶИКСТАНДАРТ"

ВОХӮРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ТОҶИКСТАНДАРТ"        Санаи 25.05.2021 дар толори ташкилоти ибтидоии "Тоҷикстандарт" бо кормандони соња ба муносибати Иди касбияшон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Абдулваҳҳобзода Темурҷон - Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоӣ, Давлатзода Раҳмоншо - муовини аввали директор, Сафарзода Мансур - муовини директор ва Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки стандартонӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт, чун мақоми миллии стандартонӣ, ин таъсис ва пешбурди Фонди давлатии стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин дар амал табиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, оид ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ваъзи сиёсии ҷомеаи ҷаҳони имрӯза баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст дар фазои тантанавӣ Абдураҳим Шоҳиён - Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамаи кормандони Агентиро бо Иди касбияшон табрик муборакбод гуфта, дар ҷодаи кор бурдориҳо, қуллаҳои баланди касбӣ, тани сиҳатро изҳори таманно кард. Ҳамзамон қадрдонӣ намудани раиси ташкилоти ибтидоии мазкур бо Синосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ба як қатор кормандоне, ки тоза ба сафи ҳизб шомил шуданд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.