ХАБАРҲО

2021-03-30: Таҳияи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ РТ 1.5-96

Бо мақсади соддагардонии тартиби таҳия ва қабули стандартҳои давлатӣ ва дар ин замина ба инобат гирифтани талаботи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» зарурати аз сари нав таҳия намудани стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ РТ 1.5-96 ба миён омадааст. Дар баробари ин, ошкоро будани раванди таҳияи стандарт ва таъмини ҳуқуқи иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдорро дар таҳияи стандарт зарур мешуморем. Ҳангоми пайдо шудани таклифу пешниҳодҳо тарафҳои манфиатдор метавонанд ба сармутахассиси шуъбаи стандартонӣ Ҷумаев Ҷамолиддин (jumaev-st@mail.ru) муроҷиат намоянд.

 

Лоиҳаи стандарт                                           Проект стандарта