ХАБАРҲО

2021-03-31: Ҷашни Наврӯзи аҷам дар Агентии Тоҷикстандарт

Санаи 20-уми март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки роҳбарият, кормандон ва меҳмонони зиёде  чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чун анъанаи неки ниёгон қисмати намоишгоҳ аз арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ иборат буд. Ҳамзамон, аз тарафи кормандон ташкили мусобиқаи дастхобонӣ, шеърхонӣву суханҳои табрикотӣ сурат гирифт, ки ба ҷашн Наврузи фархундапай шукӯҳи дигаре зам намуд.

Дар рафти чорабинии  идона  директори Агентӣ Абдулваҳобзода Темурҷон бо табрикоти пурмӯҳтавои нек баромад карда, ба аҳли ҷамъомадагон хонаободиву рӯзгори осударо дар ин рӯзҳои фараҳбахш таманно кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи аҷдодӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз иди қадимаи тоҷикон буда, таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандагиву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардум аст.

Дар ин рӯзи зебову фараҳбахш чеҳраи ҳамагон идонаву шод ба назар мерасид, ки аз рӯзи наву зиндагии осуда дар кишвари соҳибистиқлоламон  дарак медиҳад. Бешак Наврӯз ҷашнест, ки покиву покизакорӣ, осудагиву накукориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад, қалбҳоро нарму кинаҳоро дур месозад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад. Мақоми байналмилалиро касб кардани он ҳашамату волияти ин ҷашни бузургро афзун карда, ҷашни асилу қадима буданашро арзишмандтар намуд.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони Истиқлолият мақому мартабаи воло пайдо карда, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ Наврӯзи тоҷикон аз соли 2010 мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва инак, тӯли 11 сол мешавад, ки Наврӯзи мо ҷаҳонӣ аст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Баъдан аз ҷониби гурӯҳи фарҳангии «Наврўз»-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки табъи иштирокчиёнро бо суруду таронаҳои дилнишин шод гардониданд.

Дар анҷом дар фазои тантанавӣ ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмунњои пешбинишуда сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.