ХАБАРҲО

2021-03-05: Ҷаласаи «Гурўҳи кории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба стандартҳои тиҷоратии сифат ва бехатарии мањсулоти кишоварзї дар Осиёи Марказӣ

Дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Агентӣ, Вазорати кишоварзї,  Кумитаи бехатарии озуќаворї, Агентии содирот, ташкилоти «Маркази идоракунии сифат», Ассотсиатсияњои соњибкорї, бахши хусусї ва як қатор мутахассисони соҳа љаласаи «Гурӯҳи кории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба стандартҳои тиҷоратии сифат ва бехатарии мањсулоти кишоварзї дар Осиёи Марказӣ доир гардид. Муовини директори Агентӣ Шерзода Ситора Љалол ба кори ҷаласа оғоз бахшида, зарурати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардан ва баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашударо аз муҳимтарин вазифаҳо маънидод кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкониятҳои зиёди истеҳсоли маҳсулоти хушсифати меваи тар ва хушкмеваҳоро доро аст, ки тайи солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёдеро пайдо кардааст. Њамзамон дар бозори дохилӣ низ ба сифату бехатарии ҳама гуна маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад, ки ин натиҷаи дар амал татбиқ кардани регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои милливу байналмилалӣ аст. Соҳибкорони ватанӣ дар ин самт масъулияти баланд эҳсос карда, талаботи имрӯзи бозори ҷаҳонӣ ва хориҷиро хуб омӯхтаанду мувофиқ ба он маҳулот истеҳсол мекунанд.  

Сипас, намояндагони гурӯҳи корӣ ба масъалаҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои дар пешистода, коркарди стандартҳо, иттилоотонӣ ва ташкилу гузаронидани вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ бо истеҳсолкунандагон мутаваҷҷеҳ шуда, маслиҳату пешниҳодоти худро ба ҳозирин баён доштанд. Тавре дар баромад баён гардид, то ҳол меваҳои тару хушки зардолу, лимў, хурмо, олу, гелос ва себ ба стандарт ҷавобгӯ  гардида, дар сатҳи минтақа ва берун аз он ба содирот равона гашта истодааст. Инчунин пиёз ва чормағзи заминиву донаки зардолу низ дар доираи стандартҳо ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуда истодааст.

Иброз гардид, ки истеҳсолкунандагонро бояд бо стандартҳо ҳарчи бештар шинос кардан зарур аст то барои баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти худ маълумоти бештар дошта бошанд. Маҳсулоти кишвари мо, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар аст ва иқлими мусоид барои истеҳсолкунандагон шароити хуби парваришро фароҳам аст, дар аксар кишварҳо талаботи худро дорад. Тавассути баргузории семинару омӯзишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ алҳол натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омада, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ кору фаъолияташонро идома додаистодаанд. Истеҳсолкунандагон низ натиҷаи хуберо ба даст оварда, натанҳо худ манфиат мебинанд, балки дар рушди иқтисодиёт ва нуфузи Тоҷикистон, ҳамчун кишвари пешрафтаистода саҳми сазовор мегузоранд.

Њамзамон дар кори љаласа пешнињод гардид, ки соли 2021 барои дастрасии маълумоти бештар оид ба стандартњои тањиягардида, аз он љумла стандарт барои лимў «ЕЭК ООН FFV-14» бо истењсолкунандагон семинарњои омўзишї гузаронида шавад.

Дар рафти ҷаласа мутахассисон як қатор таклифу пешниҳоди худро барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани корҳои иттилоотонӣ дар миёни бахши хусусӣ, хосса дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баён дошта, инчунин ба саволҳои муҳими худ аз ҷониби намояндагони гурӯҳи корӣ посух гирифтанд.