ХАБАРҲО

2021-03-04: Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносон хуб огоҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир асту аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷахон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Агар захираи оби Осиёи Миёнаро 100 фоиз гӯем, 55 фоизи ҳиссаи онро Точикистон ташкил медиҳад. Барои муқоиса Қирғизистон-26, 4 фоиз, Узбекистон-14,5 фоиз, Туркманистон-4,3 фоизи захираи нерӯи оби ин минтақаро доро аст.

Дар қуллахои осмонбӯси кӯҳҳои мамалакати мо захираи бузурги барфу пиряхҳо вуҷуд дорад. Миқдори пиряҳҳо ба 145,09 адад буда, масоҳати он ба 111,46 км 2 баробар аст. Захираи умумии пиряхҳо ба 845 км3 баробар аст, ки 13 маротиба аз миқдори яксолаи оби ҷоришавандаи дарёҳои Тоҷикистон зиёд мебошад. Мутаасифона таъғйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорат дар Осиёи Миёна ба захираҳои обии ин минтақа таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар натиҷаи гармшавии иқлим масоҳати пиряхҳо сол то сол кам шуда истодааст. Мушоҳидахо нишон медиҳад, ки дар сад соли охир масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон 30% кам гаштааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст.

Агар сарчашмаи захираҳои нерӯи обро дар ҳудуди Ҷумҳурӣ дида бароем, чунин манзара ба назар мерасад: 62 фоиз дар ноҳияхои ҷанубу ғарб, (рӯдхои Панҷу Вахш), 27 фоиз рудхои Бадахшон, 11 фоизаш ба рудхои ноҳияҳои  шимол рост меояд, яъне захираи нерӯи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз минтақаҳо нобаробар ҷойгир шудааст. Инчунин дар мамлакат беш 1300 адад кӯл, ки масоҳати умумии онҳо 705 км 2 баробар аст, вуҷуд дорад. Дар ин кӯлҳо 43,6 км3 об захира гаштааст ва аз ин 20 км3 оби ошомаданиро ташкил медиҳад. Илова бар ин дар Чумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди оби зеризаминӣ вуҷуд дорад, ки захираи умумии он 6,9 км3-ро  ташкил медиҳад. Тибқи санҷишҳо аксари обҳои зеризаминӣ ошомиданӣ буда, ба талаботи санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯянд.  

Масъалаи оби тозаи ошомиданӣ ва таъмини он ба аҳолии курраи Замин алҳол яке аз проблемаҳои ҷиддӣ мебошад. Маҳз бо сабаби норасоии оби ошомаданӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз як миллиард аҳолии рӯи Замин аззияти ташнагӣ мекашанд ва аз вазъи гигиениву санитарӣ маҳруманд. Бо сабаби истеъмоли оби нопок бошад тибқи омор беш аз панҷ миллион нафар вафот мекунад ва зиёда аз даҳҳо миллион ба касалиҳои гуногун дучор мегарданд.

Рудҳои кӯҳӣ, обҳои маъданӣ ва чашмаҳои зулоли Тоҷикистон низ сарвати гаронарзиши кишварамон мебошад. Алҳол дар ҷахон дар нерӯгоҳҳои обии барқӣ 16%-и нерӯи барқи ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад ва пешсафони истеҳсоли қувваи барқ аз неруи об ин давлатҳо мебошанд: Ҷумҳурии Халқии Хитой, Парагвай, Норвегия, Бразилия, Канада, Зеландияи Нав, Австрия, Швейтсария ва Венесуэла. Тоҷикистон низ имконияти хуби ба қатори ин давлатҳо шомил шуданро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи умумии потентсиалии гидроэнергетикӣ дорои 527 миллиард кВт соат дар як сол буда, дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, пас аз Ҷумҳурии Халқии Хитой аст.

Неругоҳҳои обии барқии Тоҷикистон асосан дар дарёи Вахш сохта шудааст, ки дар ин миён  НОБ-и “Норак” мавқеи муайян дорад. Моҳи майи соли 1967 сохтмони НОБ-и “Норак” оғоз ёфта, агрегати аввали он соли 1972 ба кор даромад. НОБ-и “Норак” нуҳ агрегат дорад, ки иқтидори ҳар яки он ба 300 ҳазор кВт соат баробар аст. Бояд қайд кард, ки ин неругоҳ бо сарбандаш аз ҷиҳати барёфти муҳандиси ва сохтмонаш яке аз иншоотҳои нодиртарини дунё ба шумор меравад ва борҳо замиҷунбиҳои гуногунро паси сар кардааст. Ин нерӯгоҳ 2700 ҳазор кВт соат иқтидори муайяншудаи техникӣ дошта, беш аз 10 миллиард кВт соат дар як сол қувваи барқ тавлид мекунад. Инчунин, дар дарёи Вахш панҷ нерӯгоҳ бунёд гаштааст, ки Сарбанд, Шаршара, Маркази Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 мебошад. Дар феҳристи якум НОБ-ҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои техникиашон оварда шудааст. Тавре аз фехристи 1 дида мешавад, аксари нерӯгоҳҳо дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда беш аз 50 сол доранд ва хеле фарсуда гаштаанд. Аз ин лиҳоз масъалаи муҳимро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муосиркунонии НОБ-ҳои Қайроқум (солҳои 2013-2015), Норак (солҳои 2013-2017), Сарбанд (солҳои 2013-2016) шурӯъ кард ва НОБ-ҳои дигар низ пайваста ба таври муосир таъмиру барқарор мегардад ва бо техникаи нав муҷаҳҳаз мегардад. Чунин дастовард имкон медиҳад, ки НОБ-ҳои мавҷуда ба иқтидори лоиҳавии худ бароянд ва дар назар аст, ки дар ин неругоҳҳо бо истифода бурдани гидротурбинаҳои замонавӣ имконияти  аз иқтидори лоиҳавӣ низ зиёдтар тавлид шудани қувваи барқ фароҳам ояд.

Неругоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аслан дар рӯи дарёҳо сохта шуда барқ аз об истеҳсол мегардад, аз ҷиҳати экологӣ ба ҳеҷ минтақае зарар намеорад ва дар покизагии ҳавову рушди иқтисоди сабз саҳми арзанда мегузорад.