ХАБАРҲО

2021-02-24: Мутахассисони Тољикстандарт аз курсњои такмили ихтисоси Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия мегузаранд

 

            Тавре ќаблан иттилоъ дода шуда буд, бо маќсади такмили ихтисоси мутахассисон аз 8 то 19 феврали соли 2021 дар Агентии Тољикстандарт курси омўзишї бо љалби мутахассисон аз раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї ва шуъбањои онњо дар марказњои зертобеъ дар мавзуъњои стандартонї ва бамеъёрдарории  техникї дар замони муосир дар асоси таљрибаи Федератсияи Россия ва Иттињоди гумрукї, ки аз љониби коршиносон ва устодони Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия гузаронида шуда, ба шунавандагон тамоми пањлуњои ин масъалањо   омўзонида шуд.

Ќайд кардан зарур аст, ки 10 нафар кормандон аз дастгоњи марказї ва марказњои зертобеи Агентї баъд аз ба анљом расонидани курси омўзишї, дар натиљаи супоридани имтињон соњиби Шањодатнома оид ба хатми Академияи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия Федератсияи Россия гардиданд ва дар фарљом муовини ректори Академияи мазкур Новиков Валерий Александрович барои иштироки фаъолона ва интизоми намунавї нишон додани шунавандагон изњори ќаноатмандї намуд.