ХАБАРҲО

2021-02-12: Вохурӣ бо фурўшандагон

Дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт бо фурўшандагон вохўрии судманд доир гардид. Масъулони Агентї дар рафти вохурӣ бо ҳозирин дар мавзӯи риояи ќоидањои савдо ва ҳимояи бозори истеъмолї аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба солимии инсон хатарнок суҳбати манфиатоваре оростанд. Масъулин таъкид доштанд, ки маҳсулоти босифату бехатар натанҳо барои солимии аҳолӣ ва буҷаи ҳар як оила фоидаовар аст, балки ба даромади худи савдогарон низ замина мегузорад. Дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифату хатарнок соҳибкороне, ки бо воридоти молу маҳсулот ва ё истеҳсолот машғуланд дар назди истеъмолкунанда масъулияти баланд доранд. Инчунин оид ба масъалаи риояи истифодаи тарозуњо, ќоидањои савдо ва сару либоси ягонаи корӣ, ки яке аз талаботи асосии бозори муосир аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ њамзамон ба тарзи ҷобаҷогузории молу маҳсулот дар рафҳои мағозаву нуқтаҳои фурӯш ва тарзи нигоҳдории он, ки ба сифату бехатарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад аз ҷониби масъулони Тољикстандарт ва мутахассисон таваҷҷуҳ карда шуд. Иброз гардид, ки дар ҳоли риоя нагаштани қоидаҳои дурусти савдо молу маҳсулот метавонад бар зарари хам харидор ва ҳам фурушанда гардад. Дар ҳоли ботаваҷҷуҳ будан ба талаботи қоидаҳои савдо ҳарду ҷониб ҳам метавонанд фоида бинанд.

Дар рафти вохӯрӣ фурушандагон барои маълумоти бештар пайдо кардан оид ба қоидаҳои савдо ва идомаи ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентӣ саволҳо дода, ҷавоби муфассал гирифтанд.

Чунин вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни соҳибкорону фурўшандагон аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт ба таври доимӣ доир шуда, барои ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок муҳимтарин ҷузъиёти ҳифзи молу маҳсулот ва эҳтиёткорӣ фаҳмонида мешавад. Дар баробари ин таблиғоту ташвиқот барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунанда низ ба таври доимӣ амалӣ карда мешавад.