ХАБАРҲО

2021-02-10: РУШДИ ИЌТИСОДИЁТИ МИЛЛЇ ДАР МАНЗАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН: АНДЕШАЊО ВА ТАЊЛИЛЊО

Љойи пўшида нест, ки дар раванди идоракунии давлатї доираи васеи муносибатњо, аз љумла муносибатњои хислати иќтисодї, иљтимої, сиёсї, њуќуќї ва фарњангї пайдо мешаванд, ки онњо дар марњилањои муайяни ташаккули муносибатњои љамъиятї тањти таъсиррасонии усулњои гуногуни идоракунии давлатї ќарор дода мешаванд. Дар ин манзар, таваљљўњи бештар дар навбати аввал ба њамон гурўњи муносибатњо нигаронида мешавад, ки ин муносибатњо вобаста ба мазмун ва моњият дар мењвари сиёсати давлатї ќарор доранд. Ба ин мазмун, муносибатњои иќтисодї дар раванди идоракунии давлатї маќоми мубрам ва калидї дошта, љињати њаллу фасли вазифањои дар назди давлат ќарор дошта, аз љумла таќвияти дастгирии иљтимоии шахсони эњтиёљманд, фароњам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, њимояи иљтимої њангоми бекорї мусоидат менамоянд. Чунончи, аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шароити пањншавии пандемия сари ваќт бознигарї гардидани буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2020, ворид карда шудани таѓйироти дахлдор ба нишондињандањои ќисми даромад, харољот ва касри он ва бо њамин ба соњаи тандурустї равона карда шудани як миллиарду шашсад миллион сомонї љињати харидани доруворї, таљњизот ва дигар воситањои тиббї. Илова ба ин, бо маќсади дастгирии гурўњњои осебпазири љомеа ва соњибкорони ватанї ба тавсиб расидани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 5 июни соли 2020 ва дар заминаи он пешнињод гардидани сабукињои андозиву ќарзї ва имтиёзу љубронпулињо ба маблаѓи бештар аз 450 миллион сомонї.

Тадбирњои андешидашуда имконият доданд, ки дар мамлакатамон пайомадњои манфии пањншавии бемории сироятии коронавирус, босуръат паст рафтани фаъолнокии иќтисодї, афзоиш ёфтани бекорї, ки мўътадилии муносибатњои иќтисодиро дар аксар мамлакатњои дунё ба тангкўчаи сарбаста ворид намуд, ба таври назаррас коњиш дода шаванд.

Бо назардошти пайомадњои бўњрони молиявии соли 2009 ва пањншавии бемории сироятии коронавирус дар соли 2020, мавриди ќайд аст, ки муносибатњои иќтисодї аз рўйи мазмун ва моњият ба љумлаи муносибатњои њасос шомил буда, метавонанд ба њар як таѓйирот ё дигаргунии пайдошаванда ба таври манфї вокуниш нишон дињанд. Ин бахусус дар мавриде бараъло намоён мегардад, ки агар иќтисодиёти кишвар аз воридот ва мањсулоти стратегии содиршаванда вобастагии сахт дошта бошад. Ба ин мазмун, зимни ироаи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон махсус таъкид дошта шуд, ки «Вобаста ба тањаввулоти босуръати љањони имрўза ва таъсири манфии онњо Њукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муќовимат ба тањдиду буњронњо, ташаккули имконияту захирањои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иќтисодиёт, густариши раванди раќамикунонї, дастрасии молиявию дастгирии соњибкорї, њалли масъалањои иљтимоии ањолии кишвар, омодагї ба пайомадњои тағйирёбии иќлим ва гузариш ба иќтисоди «сабз» таќвияти бештар бахшад. Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки љањо-ни муосир мо бояд, ќабл аз њама, ба иќтидору имкониятњои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иќтисодї, њифзи амнияти озуќа-ворї ва њимояи саломатии шањрвандон боз њам бештар талош намоем».

Чунин пайомадњо ва пайомадњои дигари ба ин монанд, масалан, љо-рї карда шудани тањримоти гуногун, талаб менамоянд, ки муносибатњои иќтисодї дар њар давру замон дар њолати «омодабош» ќарор дошта, вобастагии худро аз омилњои беруна то ба њадди нињої коњиш дињанд ва тавонанд дар мавриди ба миён омадани «тањдидњо» ба раванди мўътадили инкишофи муносибатњои иќтисодї самти худро ба маљрои зарурї ворид намоянд. Бинобар ин, Њукумати Љумњурии Тољикистон зимни ироаи Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 15 апрели соли 2009 муваззаф карда шуд, ки бо истифода аз имконияту захирањои мављуда наќшаи тадбирњои иловагии зиддибўњрониро барои давраи кўтоњмуддат тањия карда, иљрои вазифањои зеринро амалї намояд:

- таъмини устувории макроиќтисодї, ки тадбирњои заруриро дар самти сиёсати пуливу ќарзї ва андозу буљет дарбар мегирад;

- рушди бахшњои воќеии иќтисод, аз љумла соњибкории хурду миёна;

- фароњам овардани шароити мусоид барои љалби њарчи бештари сармоягузорињо;

- ташкили љойњои нави корї, дастгирии бозори мењнат ва ба он љалб намудани шумораи њарчи зиёдтари бекорон;

- таъмини њатмии чорабинињои дастгирии иљтимоии ањолї дар шароити бўњрони иќтисодї.

Тадбирњои аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо ин маќсад роњандозї карда шуда имконият доданд, ки мамлакат бўњрони молиявиро на танњо бо пайомадњои камтарин паси сар кунад, њамчунин тавонист нишондињандањои устувори иќтисодиро соњиб гардад. Чунончи, соли 2020 маљмўи мањсулоти дохилї новобаста аз пањншавии бемории сироятии коронавирус ва дучор омадани иќтисодиёт ба мушкилињои алоњида, то ба 82,5 миллиард сомонї боло рафта, 4,5 фоиз афзоиш ёфт. Истењсоли мањсулоти саноатї бошад 9,7 фоиз, мањсулоти кишоварзї 8,8 ва гардиши савдои хориљї 0,8 фоиз афзоиш ёфтанд. Дар ин манзар, њиссаи мањсулоти ватании воридотивазкунанда дар иќтисодиёти миллї ба таври назаррас боло рафта, Тољикистон дар соњањои алоњида, бахусус соњаи истењсоли масолењи сохтмонї, масалан, семент, аз кишвари воридоткунанда ба кишвари содиркунандаи он табдил ёфт.

Ташаккули соњањои алоњидаи саноати хўрокворї, масалан, истењсоли орд низ дар натиљаи андешида шудани тадбирњои сариваќтї, муќаррар гардидани имтиёзњои андозї ва гумрукї ва фароњам оварда шудани шароити мусоиди соњибкорї, ба таври назаррас боло рафта, Тољикистон дар ин самт низ таѓйири маќом карда истодааст. Мувофиќи маълумоти Вазорати саноат ва технологияњои нави Љумњурии Тољикистон, дар кишвар ба њолати то 5 августи соли 2020 чилу њафт корхонањои истењсолкунандаи орд фаъолият доранд, ки аз тарафи ин корхонањо танњо дар шаш моњи соли 2020 374 њазору 982 тонна орд истењсол карда шудааст, ки ин нисбат ба њамин давраи соли 2019 43 њазору 136 тонна зиёд мебошад. Иќ-тидори истењсолии корхонањои мазкур имконият доданд, ки Тољикистон соли 2019 талаботи бозори дохилии худро бо орд дар њаљми 710,1 њазор тонна пурра таъмин карда, 3132,5 тонна ордро ба хориљи кишвар содир намояд.

Ба сифати њадафи чоруми миллї эълон карда шудани саноатикунонии босуръати кишвар соли 2018, љињати њимояву дастгирии фаъолияти соњибкорї ва љалби сармоя аз љониби Њукумати кишвар дар се соли охир дар соњањои  саноати сабук, кишоварзї, дорусозї, парандапарварї, чор-водорї, сайёњї ва дигар бахшњои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукињо љорї карда шудан дар соли 2019, имконият доданд, ки соли 2020 ба соњањои гуногуни иќтисоди миллї дар њаљми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонї сармояи хориљї, аз љумла 1,3 миллиард сомонї сармояи мустаќими хориљї љалб карда шаванд. Натиља он гардид, ки дар ин давра дар мамлакат 300 коргоњу корхонањои нави саноатї бо бештар аз 6500 њазор љойњои кории нав ба фаъолият оѓоз карда, «танњо дар панљ соли охир дар дохили кишвар ба маблаѓи умумии бештар аз 44 миллиард сомонї мањсулоти ивазкунандаи воридот истењсол карда шуд, ки боиси хеле коњиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолї аз мањсулоти воридотї гардид».

Тољикистон њанўз њадафи дар дастовардњои устувори иќтисодии ноилгардида мањдуд шуданро надорад. Президенти Љумњурии Тољикистон зимни ироаи Паём ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 январи соли 2021 аз вазъи саноатикунонии мамлакат изњори нигаронї намуда, таъкид доштанд, ки чунин њолат барои расидан ба њадафи чоруми стратегии мо ќонеъкунанда нест. Бо он назардошт, ки дар мамлакат имрўз бештар аз шашсад кон ва њашсад зуњурот бо бештар аз шаст навъи ашёи хоми маъданиву ѓайримаъданї кашф ва омўхта шудааст ва ин миќдор танњо бисту њафт фоизи захирањои кашфшуда истихрољ ва коркард мешаванд, Тољикистон дар назди худ маќсад гузошт, ки корњоро дар самти бунёди корхонањои металлургї, маъдантозакунї, истихрољ ва то мањсулоти нињої коркард намудани металлњои ранга ва ќиматбањо, рушди саноати мошинсозї, нассољї, хўрокворї ва дорусозї вусъат бахшад.

Агар саноатикунонии босуръати кишвар аз як тараф барои фароњам оварда шудани љойњои кории нав, ифтитоњ гардидани корхонањои саноатии гуногуни муљањњаз бо технологияњои нави муосир ва мукаммал гардидани муносибатњои иќтисодї замина гузорад, аз тарафи дигар раванди гузариши мамлакатро аз кишвари шакли аграрї-индустриалї ба кишвари шакли индустриалї-аграрї метезонад. Ин раванд бахусус дар мавриде ањамияти калидї ва мубрам пайдо мекунад, ки Тољикистон дар назди худ маќсад гузоштааст њиссаи саноатро дар маљмўи мањсулоти дохилї то соли 2030 ба 22 фоиз расонад. Барои ин ба иќтисодиёти раќамї гузаштани Тољикистон метавонад такони љиддї бахшад.

Иќтисодиёти раќамї њамчун иќтисодиёти пешрафта, метавонад барои Тољикистон вобаста ба омилњои зерин нафъовар бошад:

а) истифодаи мењнати кироя дар раванди истењсоли мањсулоти саноатї ба таври назаррас кам гардида, харољоти нињоии корхонањои саноатї барои њар як мањсулоти истењсолшуда коњиш меёбад. Бинобар ин, ба истеъмолкунандагон мањсулоте пешнињод карда мешавад, ки онњо аз нигоњи арзиш ќобилиятпазир мебошанд;

б) ба раванди истењсолот ворид карда шудани технологияњои нав ва раќамї, имконият медињанд, ки сифати молу мањсулот ва хизматрасонї бамаротиб боло бардошта шуда, раќобатпазирии онњо бо молу мањсулот ва хизматрасонии воридотї таъмин карда шавад. Дар ин манзар њиссаи молу мањсулоти воридотивазкунанда дар иќтисодиёти миллї боло рафта, вобастагии иќтисодиёти миллиро аз омилњои беруна коњиш медињад;

в) иќтисодиёти раќамї расмиятчигии аз меъёр зиёдро мањдуд намуда, барои сармояи бузург - сарфаи ваќт мусоидат мекунад. Љанбаи аз ња-ма муњими иќтисодиёти раќамї дар ин самт он буда метавонад, ки вай омилњои коррупсиониро њамчун хатари љиддї ба пешрафти иќтисодиёти миллї решакан менамояд;

г) иќтисодиёти раќамї барои субъектони хољагидор дар соњаи саноат, майдони ба таври васеъ муаррифї кардани имкониятњо ба шумор меравад. Президенти Љумњурии Тољикистон зимни ироаи Паём ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2019 ба ин масъала дахл карда, ќайд карда буданд, ки «Сомонањои интернетии корхонањо роњи аз њама самараноки муаррифии мањсулоти саноатї ба њисоб мераванд. Роњи дигари пешнињоди мањсулот барои фурўш иштирок дар намоишгоњњои мањсулоти саноатї дар кишварњои хориљї мебошад. Яъне аз њамаи воситањо бояд васеъ истифода карда шавад».

Тољикистон дар ин самт гарчанде бо ќабул кардани санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор заминањои зарурии њуќуќиро фароњам овардааст, лекин корњо дар ин љода то андозае нигаронкунанда боќї мондаанд. Аз ин љо, мамлакат дар рушди иќтисодиёти раќамї то андозае ба ќафомонї роњ дода, имрўз зарурияти ислоњ карда шудани вазъро талаб менамояд. Бинобар ин, аз тарафи Президенти Љумњурии Тољикистон муваззаф карда шудани Њукумати кишвар ва сохтору маќомоти дахлдор оид ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияњои раќамии назди Президенти Љумњурии Тољикистон иќдоми сариваќтї арзёбї карда мешавад.

Њамин тавр, дар асоси тањлилњои гузаронидашуда ќайд кардан мумкин аст, ки паёмњои њамасолаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба маќомоти олии ќонунбарор ва намояндагии мамлакат, бо фаро гирифтани самтњои калидии иќтисодиёти миллї ба пешрафти он такони љиддї бахшида, барои иваз гардидани маќоми Тољикистон аз кишвари воридоткунанда ва содироткунандаи ашёи хом ба мамлакати содиркунандаи молу мањсулоти ба таври нињої коркардшуда санги асос гузошт. Нишондињандањои оморї собит менамоянд, ки баробари зиёд гардидани шумораи корхонањои саноатї, њаљми молу мањсулоти воридотивазкунанда боло рафта, вобастагии кишвар аз омилњои беруна ба таври назаррас коњиш дода шуда истодааст. Коњиш ёфтани вобастагии Тољикистон аз омилњои беруна дар мавриди пайомадњои ногувори иќтисодї, ба монанди бўњрони молиявї, пањншавии беморињои гуногуни сироятї ва дигарњо наќши калидиро бозида, калавиши иќтисоди миллиро нигоњ медорад.

Пирназарзода Диловар Мањмадназар

муовини якуми Директори Агентии Тоҷикстандарт