ХАБАРҲО

2018-02-23: Иқдоми навбатии Тоҷикстандарт: Таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ- пиёзи барвақтӣ ва хурмо барои содирот ба кишварҳои Аврупо

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, тақвияти рушди содирот, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, барои таҳия ва коркарди стандартҳои мањсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайритиҷоратию хайриявии «HilfswerkAustria» ва ташкилоти байналмилалии «GIZ» барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, гуруҳи кории техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Вазифаи асосии ин гурӯҳ таҳия намудани рисолаҳои тавзеҳӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии Комиссияи аврупогии иқтисодии СММ Комиссияи аврупогии иќтисодии СММ (ЕЭК ООН) FFV-25 барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барваќтї ва стандарти ЕЭК ООН FFV-63 барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти хурмо мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи ҳамкориҳои Агентӣ бо Комиссияи аврупогии иқтисодии СММ ва қабули стандартҳо оид ба меваҳои тару тоза (аз ҷумла, биҳӣ), ҳамчунин бо дархости ЉДММ «Баракат Исфара» аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт стандартҳои КАИ СММ «Себи хушк (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) ҳамчун стандарти миллӣ таҳия карда шуданд ва пас аз баррасӣ дар ҷаласањои гурўҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра  ба итмом расидани марњилаи охири   стандарти таҳиягардида оид ба  зардолуи хушк  мебошад, ки брошюраи он  бо се забон (тољикӣ, англисӣ, русӣ)  чоп  ва қабул гардид.

Табиист, ки иқдомҳои мазкур барои бе монеа содирот намудани маҳсулоти кишоварзии мамлакатамон ба хориҷи дур, махсусан кишварњои Аврупо мусоидат менамояд.