ХАБАРҲО

2021-02-09: Омўзиши Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон

Дар Агентии Тољикстандарт доир ба омўзиши Паёми имсолаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон (аз 26 январи соли 2021) бо иштироки роњбарият ва мутахассисони соња љамъомад баргузор гардид.

  Њадафи љамъомади мутахассисони Агентї омӯзишу тањлили њамаљониба ва дарёфти роњњои самараноки татбиќи амалии бандњои дахлдори «Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рамон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљї» буд.

Сараввал дар љамъомад Шерзода Ситора Љалол муовини директори Агентї суханронї намуда, аз љумла таъкид дошт, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар оғози соли 2021 як рӯйдоди нодири таърихӣ гардид, зеро имсол бо ҳузури Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Паёми навбатӣ як ҳуҷҷати шоистаи таърихӣ, раҳнамо ва барномаи саодати мардум ба шумор меравад.

-Пешвои муаззам бо эътимод ба мардуми мамлакат баён доштанд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Ин ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки баъд аз дастуру супоришњо ва таъкидњои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатї  баён гардиданд, мо бо дарки баланди ватандорию масъулиятшиносї  кўшиш менамоем, ки ба қадри суботи комили кишвар бирасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намоему Паёми Пешвои муаззами миллатро дастури амалии хеш қарор диҳем, - гуфт дар фарљоми суханронї Шерзода Ситора.

Њамзамон иштирокчиёни чорабинї доир ба масъалањои мубраму њалталаби соња сухан гуфта, иброз доштанд, ки барои њарчи зудтар дар амал татбиќ намудани амру супоришњои Роњбари давлат бояд тадбирњои мушаххас андешида шаванд.