ХАБАРҲО

2021-02-09: Ташкил намудани элементҳои калидии низом барои ба танзим даровардани гардиши моддаҳои кимиёвӣ дар баъзе давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Миёна

Аз саннаи 19 то 20 январи соли 2021 дар Агентии Тоҷикстандарт бо даъвати намояндагии Ташкилоти Байналмиллалии Тандурусти (ВОЗ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Ташкил намудани элементҳои калидии низом барои ба танзим даровардани гардиши моддаҳои кимиёвӣ дар баъзе давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Миёна»  бо иштироки намояндагон аз давлатҳои Белоруссия, Қазоқистон, Гурҷистон, Чехия, Босния ва дигар давлатҳо, инчунин намоядагони Ташкилоти Байналмилалии Тандурустӣ (ВОЗ) ва Ташкилоти Байналмилалии Экологӣ, дар маҷмӯъ 52 нафар тариқи онлайн семинар баргузор гардид. Дар кори семинар мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт муовини сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Нуруллозода Т.Н,, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Рузметова Д.А, мудири озмоишгоҳи элементҳои токсикологӣ Раҳматуллоев У.Н, сармутахассиси шуъбаи стандартонӣ Ҷумаев.Ҷ ва мутахассиси озмоишгоҳи физикиву кимиёвӣ Каримов. М иштирок намуданд.

Мақсади аз баргузории семинар таъмини бехатарии гардиши моддаҳои кимиёвӣ ва рушди қонунгузорӣ барои моддаҳои кимиёвӣ буд. Дар кори семинар намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар бораи қонунгузории давлатҳои худ ва тарзи ба танзим даровардани гардиши моддаҳои кимиёвӣ бо тариқи рунамо баромад намуда, мухтасар маълумот пешниҳод намуданд. Бисёре аз ин давлатҳо аз солҳои 2014 ва 2018 фаъолиятро дар ин самт оғоз намуда, дар соҳаи батанзимдарории бехатарии моддаҳои кимиёвӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудаанд. Ҳама иштирокдорони семинар аз таҷрибаи қонунгузории  кишварҳои ҳамдигар оиди батанзидарории моддаҳои кимиёвӣ бархурдор шуданд. Дар рўзи дуюми семинар мутахассиси Агентии Тоҷикстандарт Нуруллозода Т.Н. бо тариқи рўнамо баромад намуда, оид ба гардиши моддаҳои кимиёвӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар баромади худ оид ба фаъолияти бевоситаи Агентӣ дар самти батанзимдарории гардиши моддаҳои кимёвӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии танзимкунандаи сола маълумот дод. Инчунин дар бораи ҳамоҳангсозии қонунҳои соҳавӣ дар рафти дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) мухтассар маълумот пешниҳод намуд.

Дар рафти семинар иштирокчиён бо таҷрибаи ҳамдигар оид ба танзимдарории гардиши моддаҳои кимиёвӣ шинос шуда, оид ба тарзи татбиқ намудани санадҳои меъёрӣ дар ин самт суҳбат оростанд. Маълум гашт, ки мақсади  ба танзим даровардани фаъолият  дар ин самт ин пеш аз ҳама таъмини бехатарии кормандони соҳаи  тиб, озмоишгоҳҳо, корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи моддаҳои кимиёвӣ, ҳаёт ва саломатии истифодабарандагони ин намуди маҳсулот мебошад. Бояд гуфт, ки  дар замони муосир истифодаи моддаҳои кимиёвӣ дар рӯзгор низ зиёд ба назар мерасад. Аз ҷониби ҳозирин пешниҳод шуд, ки мақола ва маводи иттилоотӣ оид ба истифодаи дурусти моддаҳои кимиёвӣ дар сомонаҳо ва васоити ахбори омма бояд васеъ пахш карда шавад то аҳолӣ дар ин хусус маълумоти зарурӣ пайдо карда тавоанд, зеро истифодаи нодурусти маҳсулоти аз маводи кимиёвӣ омодашуда ба саломатии инсон зарари худро мерасонад.

Тибқи маълумоти дастрасгардида аз рафти ин семинар, маълум гашт, ки  Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ) дар сомонаҳои худ оид ба дастгирии намудан дар пешрафти қонунгузорӣ дар ин самт бевосита мусоидат менамояд. Инчунин дигар ташкилотҳо барои омӯзишу баланд бардоштани савияи дониши  мутахассисон дар самти бехатарии гардиши моддаҳои кимёвӣ мусоидат менамоянд.