ХАБАРҲО

2018-02-23: НАЗОРАТИ ҶАМЪИЯТӢ: ҳангоми ошкор намудани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё Viber ба «Тоҷикстандарт» хабар диҳед!

Агентии Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкории зич бо воситаҳои ахбори омма дар давоми сол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва фурўшандагон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро пурзўр намояд, зеро тавассути суҳбати ошкоро бо аҳолӣ  ва ҳамкории мутақобила бо шаҳрвандон аз проблемаҳои дар бозори истеъмолӣ ҷойдошта бештар бархурдор шудан мумкин аст. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо, дар самти  ҳимояи бозори истеъмолӣ дар баробари ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи васоити ахбори омма, инчунин Агентии Тоҷикстандарт дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро пешниҳод намуд. Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook fb.me/tojikstandart, дар сомонаи Instagram www.Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988-50-22-22 фаъол гардид, ки истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолиаш гузашта муроҷиат менамоянд.

Бо фаъол гардидани рақами Viber-ӣ танҳо дар 15 рўзи моҳи феврал 24 муроҷиат ва аз оғози сол ба таври хаттӣ 18 муроҷиати шаҳрвандон ба ќайд гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, дар давоми соли 2017 зиёда аз 170 нафар шаҳрвандон ба Агентӣ муроҷиат намуда буданд. Аз таҳлилҳо баромеояд, ки фаъол намудани суроғаи расмии Агентӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рақами Viber-ӣ мутобиқ ба талаботи замон буда, барои муроҷиати истеъмолкунандагон имкониятҳои мусоидро фароҳам меорад.