ХАБАРҲО

2020-09-08: Озмуни навбатии дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ барои соли 2021 эълон гардид.

27 июли соли 2020 дар љаласаи 57-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия ИДМ озмуни навбатї, њаштуми дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовард дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ эълон гардид.

Бояд қайд кард, ки дар асоси «Тартиби гузаронидани озмун оид ба дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ», ки бо қарори Шўрои сарони давлатҳои ИДМ аз 25 ноябри соли 2005 тасдиқ шудааст, озмун дар муддати ду сол як маротиба аз рўи 4 номинатсия гузаронида мешавад.

Озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси талаботи муқарраргардида баҳогузорӣ карда мешавад. Яке аз нишондодҳои асосии баҳогузории фаъолияти корхонаҳо ин ҷорӣ намудани низоми идоракунӣ аз рўи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва содироти маҳсулоти корхонаҳо ба давлатҳои аъзои ИДМ ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 дар  озмуни  навбатии эълоншуда бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ - ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд  ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон пешниҳод шуда буданд.

Даври дуюми озмун моҳи сентябри соли 2019 ҷамъбаст гардида, ба корхонаҳои мазкур аз тарафи коршиносони давлатҳои ИДМ  баҳои баланд дода шуда, натиҷаи баҳогузорӣ ба котиботи Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид. Аз тарафи ҳакамон ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои баландтарини озмун пешбарӣ гаштанд ва  дар моҳи марти  соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ ҷоизаҳо ба корхонаҳои ғолиб, аз ҷумла ба ҶДММ КМ «Силкоат бойя» ва ҶДММ «Ваҳдат» супорида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки њамасола теъдоди корхонањои ватанї, ки мањсулоти раќобатпазиру воридотивазкунанда истењсол менамоянд, зиёд мешавад ва Агентии Тољикстандарт тасмим гирифтааст, ки имсол низ барои иштироки якчанд корхонањои ватанї дар ин озмуни бонуфўз мусоидат намояд ва айни замон корњо дар ин самт оѓоз шудаанд. Итминон дорем, ки дар озмуни навбатї теъдоди ѓолибон аз кишвар зиёд гардида, барои муаррифии молу мањсулоти ватанї дар њудуди давлатњои аъзои ИДМ сањм мегузоранд.

 

 

С. Ашўрзода, сардори раёсати бамеъёрдарории

                       техникї ва стандартонї