ХАБАРҲО

2020-09-08: ИСТИЌЛОЛИЯТ - гавҳари ормонњои таърихї

Бо шарофати Истиќлолияти давлатї ва сиёсати созандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон тўли 29 - соли Истиќлолият дар њамаи соњањо дастовардњои зиёде ба даст омаданд, ки њамаи ин аз пешрафт ва тараќиёти Ватани азизамон дарак медињад.

Шукрона бояд кард, ки миллати бузурги тољик имрўз давлати соҳибихтиёр, демократї, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст ва танҳо якдилона бо ваҳдат ва меҳнати худ метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукўњи њар як давлату миллат бар дўши шаҳрвандони он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат љавонон.

 Мо љавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тољикистони соњибистиқлол бар дўши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аљдодї ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллї пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳї ва ватандўстиву ватанпарастї кўшишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатї ва бунёди давлати пуриқтидори демократї ва эҳёи дурахшонтарин арзишњои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дўш дошта бошем.  Масъулияти ҳар як фарди љомеа аст, ки бо меҳнати софдилона  ва дасту дили нияти гарми хеш ба хотири аз байн бурдани ҳисси бегонапарастї  кўшиш намояд.

Истиќлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорї, олитарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакилона, азму талошњои шабонарўзаи родмардони миллати тољик барои расидан ба истиқлолияти сиёсї, иќтисодї ва фарњангиро таљассум намуда, меъёрҳои љомеаи шахрвандиро таҳким бахшид ва дар як ваќт њаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараљаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиќлолият барои мо нишони барљастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, гавҳари ормонњои таърихї, шиносномаи байналмилалї ва шарафу эътибори ба љаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соњибистиќлоли Тољикистон мебошад.