ХАБАРҲО

2020-09-08: Истиќлолият-неъмати бебањост!

Бисту нўњ сол қабл миллати мо бо дастоварди бузургтарини таърихӣ, ба истиқлолияти давлатӣ ноил шуд. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфӯзи хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши муассир мегузорад.

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.       Истиқлолият - ин орзую омол ва муборизаи дуру дарози фарзандони барӯманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ дар аввалҳои солҳои 90-уми садаи ХХ ба даст омад ва новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият, он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Ин рӯйдод ба халқи тоҷик шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрӯзу оянда сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад. 

Халқи тоҷик, имкон пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ӯро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ  якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ӯ тақдири давлату миллатро бовар намояд.

Роҳбари сиёсии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввалан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъд Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳалаи аввали Истиқлолияти  давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Сарвари давлат моҳият ва ҷавҳари аслии Истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, пайваста тараннум, таъкид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси миллат арзёбӣ менамояд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол пазируфта шудааст. Дар баробари ин, ба истиқлолияти дигар халқу миллатҳо эҳтироми беандоза дорад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки шакли идораи давлат - ҷумҳурии президентӣ ва низоми идораи он - давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягонаро интихоб намуда, моҳияти онро  иҷтимоӣ арзёбӣ намоем. Тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро қабул намоем ва асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳукми қонунӣ бахшем. Сохтори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти низоми ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, аз ҷумла артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, андозу гумрук ва дигарҳо таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шуд.

Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Гуфтушунидҳо оид ба истиқрори сулҳ дар фазои давлати соҳибихтиёр баргузор мегардид, ки ин ҳолат ба раванди гуфтушунид, дарки масъулияти таърихӣ барои давлату миллат ва истиқлолияти бадастомада бе таъсири мусбат намонд. Воқеан, озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд.

Ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, тӯли ин солҳо шоҳиди онем, ки Президенти муҳтарам барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу амонӣ, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрӯву эътибори Давлати Тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ иқдомҳои наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодаанд.

Имрўз фазои сулњу субот ба татбиќи сиёсати иќтисодї, ба манфиатњои давлатдории миллї ва ба татбиќи се њадафи стратегие, ки Љаноби Олї ба миён гузоштаанд, љавобгў буда, зина ба зина њалли худро ёфта истодаанд.

Дар тўли 29 соли сипарї мо љињати таъмини истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти комуникатсионї баровардани кишвар ва њифзи амнияти озуќаворї дастовардњои назаррасеро ноил гардидем ва дастовардњо хеле зиёданд.

Татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ дар давоми солҳои сипаришуда ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Муҳимтар аз ҳама дар кишвари азизамон имрӯз амнияти суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина, ба зиммаи насли имрӯзи ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ-бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.

Аз комёбиҳои истиќлолият бархурдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Ва бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халќу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем.

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!