ХАБАРҲО

2020-08-19: 9 - сентябр рузи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият хушбахтии кули миллати тоҷик.

   Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Ватули 29 сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда,  Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

  Гарчанде  Истиқлолияти давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин ифшо гардиданд. Ва аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар роҳи вахдату озодӣ,  истиқлоли сарзамини тамаддунофар қурбонихо кардаанд,  моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Истиқлолияти давлатии мо рангест, тобанда чун рангҳои парчамамон,  озодиест барои  миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандўст. Мо дар муддати 29 - соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.

 Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрўзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат - ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрўз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари моро ба хотири амнияти мардуми сайёра дар сатҳи байналмиллалӣ мепазиранд.

  Истиқлолияти ба дастовардаи мо, Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рўи Тоҷикистон  боз намуд. Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ  ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ  намоем ва ба сўи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта  истодаем.  Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.

   Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ,  эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Дастоварди  бузургтарини мо тули ин солҳо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона  муяссар гардид.

  Комёб гаштан ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ва ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафт дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон фазои мусоид фароҳам меоварад.

   Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем.

   Дар марҳалаи гуногуни таърихӣ, мардуми тоҷик таҷрибаи  мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва фарҳангии миллиро омўхт.  Ҳамчунин рамзҳои давлатӣ, азҷумла Нишон,  Парчам ва Суруди миллиро қабул кард. Артиши милливу Қушунҳои сарҳадиро ташкил дода, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои халқамон роҳи эъмори кишвари  ҳуқбунёду дунявиро пеш гирифт.

     Дуруст тарбия намудани  насли наврас шарти асосии пешравии ҷомеаи солим ба ҳисоб рафта,  ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи мо аст. Ба хотири эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни наврасон ва ҷавонони ватандуст инкишоф диҳанд. Талқин намоем,  ки ҳифзи марзу буми ватан, хифзи арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбор ва руйдодхои ахир қарзи ҷонию афсаронаи худ донанд. Ҷавонону наврасони мо бояд аз аслу насли хеш, пояҳои тамаддуни аҷдодӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд. Ба хотири мустаҳкам ва бегазанд гардонидани пойдевори давлатдории навин доимо дар талош бошанд. Дар шароити хело душвору печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро вазифаи худ шуморида, масъулияти баланди ватандориро  эҳсос бикунанд.

  Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.  Аз ин хотир, моро зарур аст, ки  насли  наврас ва ҷавонро  бо суннатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон  ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ,  арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон, эҳтиром  ба истиқлолияти пурарзиш, ҳисси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз ватани маҳбубро пурра гардонем.

   Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва рушди ҳамаи соҳаҳо дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд ва Сарвари  сулҳовару бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтааст.

   Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст.  Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.

     Пойдору ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд,  сулҳдўст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозоҳо, шикасту пайвастҳо, ахиран  соҳибистиқлол гардид!

Пойдории Ваҳдати миллӣ ва абадияти Истиқлолият

 

http://www.kmt.tj/sites/default/files/images/07-2016/istiqloliyat.jpg

      Дар масири таърих мизони давлатдориҳо ба сатҳи густурдае расиданд ва тақозое воқеан ҳам ҷиддӣ ва дидание дар милоки коргирии бурунмарзӣ кардан ва ҳамзамон нақши ниҳодҳо ва арзишҳои меҳварӣ   дар созмондиҳии тамоми арсаҳои зиндагии ҷомеа ба таври рўзафзун боло рафтанд, ки тавонистанд ба давлатҳо шароити мусоиди амалиро баҳри барқарор намудани муносибатҳои хориҷӣ фароҳам оваранд. Дар ин пайроҳаи таърихӣ ҷумҳурии азизу ҷавони мо Тоҷикистон низ ҳушёриро аз даст надод ва баъди касби истиқлолияти давлатӣ худро ба ин корвони азим бипайваст ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи сатҳи назаррас шурўъ кард, ки муроди пешакарда ва санҷидааш комгор ва пурарзиш ҳосил дод.

    Дар интиҳои асри ХХ дар давоми ҳамагӣ чанд сол дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор кишварҳои соҳибистиқлол, яъне давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки Тоҷикистони мо низ аз ҷумлаи онҳо буд.

    Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Ҳар як кишвар барои худ фароҳам сохтани шароити мусоиди беруна баҳри таъмини манфиатҳои миллии он-сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо вазифаи асосии худ медонад.

    Ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат буд ва хоҳад монд.

   Низоми навини равобити байналмилалӣ имрўз ҷиддан тақозо дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро дар асоси стратегияи фарогир ва санҷида амалӣ намояд.

   Эҳёи робитаҳои анъанавии таърихӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ истифода аз имконоти муштарак ва ҷалби сармояи ин кишварҳо ба нафъи инкишофи Тоҷикистон дар маркази диққати сиёсати хориҷии кишвар қарор дорад ва амалан татбиқ мегардад.

   Татбиқи масъулона ва муваффақонаи ин сиёсат боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳамагуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.

     Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус дар соҳаи иқтисод ба андозаи баробар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳо – бузург ва хурд, муқтадир ва камнуфуз, инчунин сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи ин раванд вазъи иҷтимоии шаҳрвандони як мамлакат, аз як тараф аз фаъолияти ҳукумати он кишвар вобаста бошад, аз тарафи дигар аз таъсири рўзафзуни омилҳои беруна дар канор намемонад.

    Имрўз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

    Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХI ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сўи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири сулҳу суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.

Ҷумхурии Точикистон дар солҳои истиклолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти 
ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. 
Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлатии миллӣ эътироф намудаанд. 

   Дар муддати 19 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

   Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

    Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати соҳибистиқлоламон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

    Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Пас месазад, ки ин истиқлолияти софу беғуборо мо миллати фарҳангдўсту фарҳангпарвар, меҳнадўст ва оқили тоҷик ҳамеша ҳифз намоем ва дар пойдории он ҷони худро нисор намоем.

Истиқлолият - неъмати бебаҳост

http://www.kmt.tj/sites/default/files/images/08-2016/bayraq.jpg

 Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик дониста шудааст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

    Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

    Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.

     Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову  Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

   Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

    Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба дорад. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию  давлатдории  мустақилона  моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».

    Душвортарин муаммои мо дар тулии ин солҳо ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ  дорад.

     Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои  роҳсозию  коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову  пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуд.

    Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерўгоҳҳои барқи  обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба  истифода  дода шуд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Сохта ба истифода додани 2 агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз бузургтарин иншооти энергетикӣ маҳсуб меёбад, нишонаи созандагиву рушду тараққиёти кишвар аст.

    Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам  омад,  ки  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.  

    Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  қувват  гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

  Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии  сарвари  давлати  мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони  соҳибистиқлол  аз  зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегардад.  

  Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуд.

   Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

     Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як  тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту  саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!