ХАБАРҲО

2020-07-10: Натиҷаҳои фаъолият дар нимсола баррасӣ гардид

Дар толори бинои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони Марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом ва Исфара, муовинони директор, сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо, озмоишгоҳҳо ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор  гардид.

Дар оғози ҷаласа директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон ҳарф зада, таъкид намуд, ки кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ва Марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хамаҷониба дастгирӣ намуда, дар таъмини назорат ва иҷроиши талаботи Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд новобаста ба мушкилиҳои пешомада ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Зикр карда шуд, ки вобаста ба иҷрои бандҳои протоколи ҷаласаи мушовараи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020, таҳти № 2 аз санаи 10 апрели соли 2020 бо дарназардошти вазъияти мураккаби ҷаҳон ва пешгирӣ аз паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ҳамаи шӯъбаҳо ва озмоишгоҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, биноҳо ва ҳамаи ҳуҷраҳои кории Марказ бо маҳлули махсуси безараргардонӣ мунтазам тоза карда мешавад. Илова ба ин дар асоси фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабинии тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятӣ гузаронида шуда, аз ҷониби кормандони Марказ 2500 адад роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн паҳн карда шуд.

Маҳмадӣ Давлатов таъкид намуд, ки дар Маркази вилоят ва марказҳои ташхиси минтақавӣ татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси нақша чорабиниҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, дар байни кормандон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳо оиди риояи талаботҳои қонунҳои зикршуда гузаронида мешавад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои Марказ оид ба «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» вобаста ба пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва дар ин замина нигоҳ доштани эътибори хизматчии давлатӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар асоси нақша чорабиниҳо корҳои омӯзишӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ мунтазам ба роҳ монда шуда, ғояҳои инсондӯстию ватанпарастӣ тарғиб карда мешаванд.

Директори Марказ дар баромади худ зикр дошт, ки вобаста ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гаштани маратория ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар 308 корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки 20 нафар роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти мебелӣ семинари омӯзиши оид ба моҳияти Регламенти техникии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти мебелӣ» гузаронида шуд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Мутахассисони Марказ бо мақсади таъмини назорати давлатии воситаҳои ченак дар 136 корхонаҳои шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродӣ 7588 адад воситаҳои ченакро аз назорати давлатӣ гузаронда, ба миқдори 143 адад воситаҳои ченаки мӯҳлати санҷишаш гузашта, 58 адад воситаҳои ченаки корношоям, 80 адад воситаҳои ченаки дар консерватсия бударо ошкор намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассиони Марказ бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ номгӯи гуногуни маҳсулотҳои ғизоӣ, аз ҷумла, 41668 кг, маҳсулоти қаннодӣ. 35265 кг, маҳсулоти гӯштӣ, 35000 адад тухми мурғ, 2216 кг, равғани растанӣ, 425 кг, хокаи қаҳва, 1185 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 14880 литр машруботи спиртӣ, 6716 кг, меваи афлесун ва нок, 6450 кг, помидор, 730 кг, намак, 3727 кг, маҳсулоти парфюмерӣ, 13442 литр маҳсулоти нафтӣ, 1602 адад бозичаҳои бачагона ва дигар намуди маҳсулотҳои пастсифат, мӯҳлати истеъмолаш гузашта ошкор карда шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 2366922 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 953 ҳазор сомон зиёд мебошад. 

Инчунин дигар самтҳои фаъолияти Марказҳо ва шӯъбаҳо таҳлил карда шуда, роҳбарон ва мутахассисон вазифадор карда шуданд, ки минбаъд корҳои назоратӣ, тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ҳамкори бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдо, инчунин соҳибкорон ва фурӯшандагон пурзур намуда, иҷроиши талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро оиди риояи қоидаҳои савдо, либоси кориву нишони сарисинагӣ, ҳамлу нақли маҳсулот, шароити нигоҳдорӣ, таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба роҳ монда, қоидаҳои беҳдошти ва бехатариро вобаста ба вазъияти ҷаҳони имрӯза, яъне пешгирӣ аз сироятёбии вируси COVID -19 дар байни кормандон ва субъектҳои хоҷагидор таъмин намоянд.

Дар кори ҷаласа муовини аввали директори Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Диловар Пирназарзода иштирок ва баромад намуд.

 

Маҳкамбой Каримов сардори дафтари

матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд