ХАБАРҲО

2020-06-10: Тоҷикстандарт: Тавсияҳои меъёрӣ ба муассисаҳои хизматрасонӣ дар давраи пандемияи коронавирус

Агентии Тоҷикстандарт дар робита ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзўр намудани чорањои зиддиэпидемикї дар давраи пандемияи коронавирус (COVID-19) дар Љумњурии Тољикистон дар баробари корњои пешгирикунандаи санитарию эпидемиологї, инчунин дар доираи салоҳиятҳои муқарраршуда корҳои мушаххасро ба сомон расонид.

Аз ҷумла, дар давраи эълон гардидани пандемияи коронавирус дар ҳудуди мамлакат бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти ин беморӣ Агентӣ ҳуҷҷатҳои меъёрии «Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» ва «Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» -ро таҳия намуд.

Роњнамоҳои мазкур дар давраи эълон гардидани пандемияи коронавирус (COVID-19) дар Љумњурии Тољикистон истифода бурда шуда, барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо, кошонањои њусн ва сартарошхонањо татбиқ мегардад ва дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегирад, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар ин самт бо мақсади дастгирии корхонањои истењсолї дар самти дӯхти ниќобњои њимоявї, либоси махсуси њифозатӣ љињати пешгирии пањншавии бемории сироятии «COVID-19» ва мањлулњои безараргардонї аз ҷониби мутахассисони Агентӣ шартњои техникии Љумњурии Тољикистон «Ниќобњои таъиноти профилактикї ва истењсолї» - ШТ 8400 ЉТ 030000230 - 001-2020,  «Комбензонњо ва либосњои болопўши њимоявї» - ШТ 8570 ЉТ 030000230 - 003-2020,  «Мањлули антисептикї» - ШТ 9182 ҶТ 030000230 - 002-2020 тањия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ карда шуд ва барои корбарӣ ба муассисаву корхонаҳои марбута пешниҳод гардид.

Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)

Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)