ХАБАРҲО

2020-06-01: Љаласаи Кумитаи техникии байнидавлатї оид ба стандартонї МТК 515 “Назорати пойдорї” дар рељаи видеоконференсия

30 майи соли 2020 дар рељаи видеоконференсия љаласаи Кумитаи техникии байнидавлатї  оид ба стандартонї МТК 515 “Назорати пойдорї” (Неразрушающий контроль”) (минбаъд – МТК 515)  баргузор гардид, ки дар он дар ќатори мутахассисони институтњои метрологии ИДМ, инчунин мутахассисони Агентии Тољикстандарт низ иштирок намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки МТК 515 њаммонанд ба кумитаи байналмилалии техникии ISO/TC 135 «Non-destructive testing» буда, як шакли њамкории давлатњои  хоњишманди  иштирокчии “Созишнома дар бораи гузаронидани сиёсати  мувофиќашуда дар соњаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия”-и давлатњои ИДМ дар гузаронидани корњо оид ба  стандартонии байнидавлатии самтњои зерин мањсуб меёбад:

  • санљишњои пойдорї;
  • санљишњои пойдории пайвандњои кафшерї;
  • пардача (пленка) барои радиографияи техникї;
  • санљиши пойдории металлњо;
  • идораи ресурсњои мењнатї (омўзиши кормандон);
  • баланд бардоштани дараљаи ихтисоси кафшергарон ва ѓайра.

Љаласаро раиси МТК 515 “Назорати пойдорї” аз Љумњурии Ќазоќистон Заитова Светлана Александровна оѓоз намуда,  масъалањои зеринро мавриди муњокима ќарор доданд:

  1. Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Наќшаи кории МТК 515 “Назорати пойдорї”.
  2. Оид ба љамъбасти ташкил намудани зеркумитањои МТК 515 “Назорати пойдорї”.

Оид ба масъалањои рўзномаи љаласа иштирокчиёни он, аз љумла Черняк В. Н. - котиби масъули Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология  ва сертификатсия (МГС), Сазонов П.А.-намояндаи Украина ва дигарон баромад намуда, фикру мулоњизањои худро оид ба  рўзномаи љаласа баён намуданд.

Дар хотима оид ба масъалањои баррасигардида ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд, ки нусхаи он рўзњои наздик ба унвонии Агентї  ирсол мегардад.