ХАБАРҲО

2020-05-21: Даст бар дасти ҳамдигар бошем

Мутаассифона имрӯз паҳншавии бемории коронавируси нав дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дорад ва кишвари мо низ аз ин моҷаро истисно нест. Ҳамарӯза васоити ахбор аз гирифторию маргу мири даҳҳову садҳо нафар аз тамоми гӯшаҳои олам хабар паҳн мекунанд, аз мушкилоти мардуми ҷаҳону мубориза бо ин падидаи номатлуби аср ва ҳамзамон дасти кумаки инсонҳо баҳамдигар гузориш медиҳанд. Ин раванди мусибатбори рӯзгори умумибашар хеле ташвишовару таассуфангез аст, вале боз таассуфангезтар он аст, ки маҳз дар ҳамин вазъи ногувору ҳассос зумрае аз мусибати мардум истифода намуда, бо ҳар роҳу василае ба манфиати хеш «аз зери нохунҳо чирк мекобанд». Яқинан муқтазои табиати ин қабил афрод чунин аст ва каждумвор пайваста заҳр задан ба торҳои асаби ҷомеаву ангезиш додани дардҳои он дар тинати тирагунионҳо доиман маҳфӯз буда…

Вабои КОВИД-19 ба Тоҷикистон танҳо ибтидои моҳи май ворид гашт ва то ин марҳила кулли мардумони олам аллакай ҷисману рӯҳан ба таъсири бади он печида буданд. Пурқудраттарину сернуфӯзтарин кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Чину Амрико, тамоми даватҳои абарқудрати Аврупову Осиё, Руссия ва умуман ақсои даҳр бар зидди ин вабо мубориза оғоз намуда, соат ба соат дар андешаи маҳви ин вирус буданд ва то кунун ин талоши умумиинсонӣ идома дорад. Вале маҳз ҳамин давраи мусибати умумибашар баддиливу бадхоҳии зумрае аз бадхоҳони бурунмарзии Тоҷикистони азизро рӯшан сохт. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо гӯё ҳар дақиқаю соат ба кишвар ворид гардидани ин ваборо интизорӣ доштанд. То расман эълон гардидани ин беморӣ дар ҳудуди кишвар ин лаънаткардагони мардум, ки симои ботиниву зоҳириашон кайҳо ба кулли ҷомеа шинос аст, чандин хабару гумонҳои бедалелу риёкоронаашонро тавассути сомонаҳои бедарвозаю моҷароҷӯи Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат tJ. Ва даҳҳои дигар паҳн сохта, гӯё як навъ мардуми шарифи кишварро ба шӯр овардан мехостанд. Бадбахтона аксари ин шӯрангезону риёкорони аслан беватан, ки худро «донандаву ҳомӣ»-и дини мубини ислом дониста, доиман каломи ҷаҳонсӯзашонро бо «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» (Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон) оғоз менамоянд (Худованд аз шарри он золимону хирасарон моро нигоҳ дорад), худ бехабар аз бахшандагию меҳрубонии Офаридгори аъзаманд!

Хушбахтона имрӯз миллати азизи мо, ки тӯли ҳазорсолаҳои тӯлонии таърихаш аз садҳову ҳазорон барозу фарозҳои рӯзгор гузашта, аз қайди ин қабил макру ҳиялҳои ногувори шайтонӣ борҳо бурун ҷастааст, худ зарро аз рег фарқ мекунад ва ин омил танҳо имрӯз не, балки ба ҳайси падидаи ногувори зиндагӣ тӯли солҳои зиёд идома дорад. Ҳанӯз воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки маҳз бо дастони ҳамин қабил бадтинатон ҷони ҳазоронро рабуда, кулли хонадони кишварро мотамхона сохта буд, аз зеҳни мардуми шарифи Тоҷикистон зудуда нагардидаанд, ҳанӯз афсусу надомат ва андӯҳи аз он рӯзҳои мудҳиш ғуншудаи хонадонҳои кишвар поён наёфтаанд. Нафрати кулли тоҷикистониён ба ин қабил бадамалону баддилон, ки кайҳо ба ҳайси идомадиҳандагони ҳамон бадгуҳарони солҳои 90-ум шинохта шудаанд, поён намеёбад.

Рӯзҳо мегузаранд. Мо низ қатори дигар насли сайёра даст ба дасти ҳам гирифта, бо кумаки якдигар дар наздиктарин фурсат ин балоро паси сар месозем. Бале, сардиҳои рӯзгор мегузаранд, вале баддиливу бадандешӣ мемонад. Имрӯз мо бо Давлату Ҳукумати худ тавъамем ва ин ҷараён дар ҳама ҷабҳаву лаҳзаҳои рӯзгори мо абадист! 

Ҳолиё ба фикри саҳар бошем,

Даст бар дасти ҳамдигар бошем.

Лаҳзаи ғам гузаштанист, эй дӯст,

Шод бошем, шодтар бошем.

Зиндагонист, ҷунбиши мижгон,

Ҳар кӣ ҳастем, зудтар бошем.

Чун Зарафшон барад Бухороят

Рустамӣ агар, Золи Зар бошем.

Сели ҳасрат харобӣ меорад,

Дилкашоли маҳи зафар бошем.

Дар миёни баҳори ашкоин,

Гул ба дасту гулбасар бошем.

Шод бошем, шоди шоди шод,

То ба хуршед ҳамсафар бошем.