ХАБАРҲО

2020-05-20: 20 МАЙ - РЎЗИ УМУМИЉАҲОНИИ МЕТРОЛОГИЯ

20 май метрологҳои точик дар якчоягї бо чомеаи метрологии чаҳонї  Рўзи Умумиљаҳонии метрологияро қайд менамоянд. Ин ид ба  20 майи  соли 1875 – санаи ба имзо расидани Конвенсияи метрї, ки давоми 145 сол инљониб баҳри рушди ҳамкориҳои иқтисодї, илмї ва фарҳангї дар тамоми дунё  мусоидат намудааст, рост меояд. Имсол љашнгирии Рўзи Умумиљаҳонии метрология таҳти шиори «Ченкунї барои савдои байналмилалї» баргузор мешавад. Ин мавзўъ нақши муҳими ченкуниро  дар мусоидат ба савдои ҳаққонии чаҳонї, таъмини мутобиқати маҳсулот ба стандарту қоидаҳо ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон махсусан қайд мекунад. 

Рўзи метрология дар Љумҳурии Тољикистон иди касбии махсус ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, мехоҳем ҳама метрологҳои љумҳуриро, ки  заҳмати пайвастаи онҳо ба таъмини ягонагии ченак дар тамоми љаҳон баҳри бехатарии муҳити зист ва саломатии одамон, баландшавии сатҳи иқтисодиёти кишварамон ва тақвият бахшидани нақши он дар рушди савдои  байналмилалї мусоидат мекунад, табрик намоем.

Муваффақиятҳо ёратон бодо! Бигузор ченкунихои шумо доимо аниқ ва коратон бобарор бошад!