ХАБАРҲО

2020-04-25: Тоҷикстандарт: Воридоти зиёда аз 98 тонна меваи хурмои хушк ва 50 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат пешгирӣ шуд

Бояд қайд кард, ки бо истифода аз фурсати фарорасии моҳи Рамазон баъзе соҳибкорони бемасъулият бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, манфиатҳои худро аз манфиати ҷомеа боло дониста бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмоли маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ворид менамоянд. Ба қавле “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, вале ин дафъа бо ташаббуси кормандони Агентии Тоҷикстандарт деги ин шахси бемасъулият наҷӯшид.

Ҷињати пешгирї намудани воридоти мањсулоти пастсифат ва ба саломатї хатарнок риояи талаботи њатмии њуљљатњои меъёрии техникї – Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон зери назорати љиддї ќарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз љониби мутахассисони Агентї бо воридкунандагон ва истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї корњои фањмондадињї ба роњ монда мешаванд.

Бо вуљуди ин њоло њам аз тарафи соњибкорон њолатњои ворид намудани мањсулоти пастсифати ѓизої ба ќайд гирифта мешаванд, аз љумла, соҳибкор тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 98 950 кг хурмои хушк, 25 000 кг қайлаи помидор, 19 600 кг карамел ва 7000 кг хамиртуруш ворид намуда ба ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид шудааст.

Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентӣ пешниҳод гардида буд, муайян карда шуд, ки  намунаи хурмои хушк бо сабаби муҳлати истеъмолиаш гузаштан ба талаботи Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва намунаи қайлаи помидор, карамел ва хамиртуруш ба талаботи Регламенти техникии Љумњурии Тољикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиќ нест ва ба мањсулоти мазкур сертификати мутобиќат дода нашуд.

Бо назардошти ин, мањсулоти мазкур тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави љумҳурӣ берун бароварда шуд.

Аз истеъмолкунандагон хоҳиш менамоем, ки дар вақти харидории ҳама гуна маҳсулот аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд ва дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ он маҳсулот шубҳанок аст ва ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоянд.