ХАБАРҲО

2020-04-20: Семинарњои омўзишї бо истењсолкунандагони либоси мактабї оид ба риояи талаботи стандарти давлатї

Дар нимаи аввали соли 2020 бо маќсади иљрои банди 6  нусха аз протоколи маљлиси Раёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон  аз 23-и июли соли 2018,  № 7, инчунин  дар робита ба иљрои бандњои дахлдори Наќшаи чорабинињои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 ноябри соли 2016, №503  дар самти бењтар намудани сифати духти либоси мактабї  дар њамкорї бо  Иттифоќи  рушди бахши хусусии Тољикистон  ва  Вазорати саноат  ва технологияњои нави Љумњурии Тољикистон  бо иштироки  соњибкорон, роњбарон ва мутахассисони корхонањои коркарди нахи пахта, ресандагї, бофандагї, кешбофї, дўзандагї ва намояндагони вазорату идорањои  марбутаи давлатї шарикони рушд, гузаронидани семинари омўзишї ба наќша гирифта шуда буд.

Бояд ќайд кард, ки рўзњои 5 март дар шањри Бохтар , 12 марти соли љорї дар шањри Душанбе ва 9 апрели соли 2020  шаҳри Хуҷанд дар мавзўи “Коркарди нахи пахтаи истењсоли ватанї то мањсулоти раќобатпазири нињої, рушди соњаи ресандагї, бофандагї, кешбофї ва дўзандагї - самти афзалиятноки саноатикунонии иќтисодиёти Тољикистон” бо масъулини соња ва намояндагони корхонаю коргоњњои дузандагї семинари омўзишї  гузаронида шуд. Дар кори семинарњо мутахассисони Агентї  дар мавзўи “Риояи талаботи стандарти давлатии  СТ ЉТ 1110 – 2018  “Либоси мактабї. Шартњои техникї-омили таъмини сифати мањсулоти истењсолї” баромад намуда, ба иштирокчиён, аз  љумла корхонањои истењсолї 120  адад нусхаи ин стандарти давлатї ройгон таќдим карда шуд.

Дар натиљаи баррасии масъалањо  дар семинарњои гузаронидашуда пешнињод шуд, ки дар Агентии Тољикстандарт ё  дар  ягон корхонаи истењсолї дар доираи имкониятњо озмоишгоњи муайян намудани сифат ва бехатарии матоъ  таъсис дода шавад.

Инчунин, пешнињод шуд, ки Агентии Тољикстандарт дар якљоягї бо  вазорату идорањои дахлдор  ва мутахассисони соња аз корхонањои истењсолї Стандарти миллии андозањои либосро  тањия ва мавриди амал ќарор дињанд.

Масъалањои мазкур аз тарафи масъулини Агентї ба инбоат гирифта шуда, барои њалли онњо дар  доираи имкониятњо чорањо андешида мешаванд.