ХАБАРҲО

2018-02-23: Роҳбарияти Тоҷикстандарт бо мақсади риояи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ аз бозорҳо ва нуқтаҳои савдои пойтахт дидан намуд

 13 феврал роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бозорҳо, риояи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, истифодаи либоси махсуси ягонаи корӣ, ба тартиб даровардани ҳолати санитарӣ ва дигар масъалаҳо оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар бозору нуқтаҳои савдо аз як зумра бозорҳои пойтахт, аз ҷумла, бозорҳои «Фаровон», «Ҷал-Ҷам», бозорчаҳо дар маҳаллаҳо ва марказҳои савдо боздид ба амал овард.

Зимни боздид директори Агентӣ Қудрат Давлатзода бо масъулини ин бозорҳо суҳбат намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан таъмин намудани фурӯшандагон бо либоси ягонаи корӣ  ва ба низом даровардани ҳолати санитарии бозорҳо, ҳамзамон ба таври мунтазам ба роҳ мондани ҳамкории судманд ибрози андеша намуд.

Иќдоми мазкур ба пешбурди фаъолияти соҳа ва ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо мусоидат менамояд.

Чунин боздид ва мулоқотҳо минбаъд низ пайваста доир карда мешаванд.