ХАБАРҲО

2017-03-01: Њамоиш оид ба «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028»

01.03.2017: Њамоиш оид ба «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028»

Дар робита бо ќабули ќатъномаи Маљмаи Умумии Созмони Милали Муттањид доир ба «Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солњои 2018-2028» дар Агентии Тољикстандарт љамъомад баргузор карда шуд.

Боиси фараҳмандист, ки дар охири соли 2016 дар ҷаласаи 71-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул гардид, ки 193 давлати аъзои созмони мазкур ин иќдомро дастгирї намуданд. Албатта ин падида ифтихори тамоми мардуми тоҷик ва дастоварди бузурги миллї буда, ќабули ин ташаббуси Пешвои миллат, аз боло рафтани эътибори Тољикистон дар арсаи байналмилалї шањодат медињад.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи об муњимтарин сарчашмаи њаёт ва ташаккулёбии саноат, иљтимоиёт, пешрафти тамоми соњањои њољагии њалќ ва некуањволии мардум ба шумор меравад. Дар ин замина ќайд гардид, ки дар љањони имрўза, новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатњои байналмилалї, њамкорињои дастаљамъонаи кишварњои олам барои дарёфти роњи њалли масъалањои хусусияти умумиљањонидошта равшан ба назар мерасад. Яке аз нињодњои олие, ки дар замони муосир чунин њамкорињоро ба роњ меандозад, ин Созмони Милали Муттањид ба шумор меравад, ки дар доираи фаъолияти худ бо љалби амалњои созандаю хайрхоњонаи давлатњои аъзо дарёфти роњи њалли масъалањои умумибашариро дастгирї менамояд. Љумњурии Тољикистон яке аз давлатњое мебошад, ки дар он захирањои калони об мављуд буда, дар куњњои осмонбусаш, ки ганљинаи табии оби тоза мањсуб меёбанд, захираи пиряхњо низ зиёданд, ки онњо яке аз афзалиятњои миллї мањсуб меёбанд ва давлати мо њамеша љонибдори истифодаи самараноки онњо мебошад.

Дар чорабинї инчунин мутахассисони соња вобаста ба масъалаи баррасишаванда ибрози назар намуда, раванди баргузории он тариќи шабакањои телевизионї сабт карда шуданд.

Баргузории чунин чорабинињо тибќи наќша дар марказњои вилоятию минтаќавии Агентї низ ба роњ монда шуданд. Њамзамон вобаста ба масъалаи мазкур дар маљаллаи соњавии “Стандарт ва сифат” маводњо ба табъ расидаанд.