ХАБАРҲО

2018-02-26: ЭЪЛОН ! Ба таваҷҷуҳи корхонаву ташкилот, муассисаҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорон расонида мешавад, ки ...

Ба таваҷҷуҳи корхонаву ташкилот, муассисањои хизматрасонӣ ва соҳибкорон расонида мешавад, ки  дар соли ҷорӣ бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт озмуни «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардидааст. Ҳадаф аз баргузории озмун тақвият бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, ҳамзамон муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар озмун ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаву ташкилотҳои хизматрасонӣ иштирок карда метавонанд. Маълумоти заруриро ҷиҳати ширкат дар озмун аз сомонаи Агентии Тоҷикстандарт ва Марказҳои вилоятии он дастрас карда метавонед.

Ба ғолибон имконият фароҳам меояд, ки барои дарёфти ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар озмунҳои сатҳи байнидавлатӣ ширкат варзанд.

(Маълумоти иловагӣ оид ба баргузории озмун рўзҳои наздик дар сомонаи мазкур пешниҳод карда мешавад)

      Суроға: ш. Душанбе, кўчаи н. Қарабоев 42/2; телефонҳо: 233-68-89, 233-58-88

      Шитобед! Дархостҳо то 25-уми майи соли 2018 қабул карда мешавад.