ХАБАРҲО

2020-04-03: Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироят ба коронавируси нав тавсияҳое омода кардааст

Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд–зуд дастҳои чиркиншударо бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз олудан ба чирк ё партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед. Ин ва дигар чораҳои муҳофизат аз коронавирусро тавассути пахш кардани ин линк пайдо кардан мумкин аст.

Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кушиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашъёи атрофро камтар даст расонем.

Тибқи баъзе гузоришҳо, паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтааст, аммо шод шудан ҳанӯз хеле зуд аст. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем. Саломат бошем!