ХАБАРҲО

2020-04-03: Ифтитоҳи китобхона дар Агентӣ

Маънавиёт  тавассути мутолиаи китоб дучанд мегардад  ва ақлу фарҳанги инсон афзун мешавад. Фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ва мутолиаи китоб аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир дар зери таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ низ имрӯзҳо барои ташкил кардани китобхонаҳо кор ҷоннок мегардад. Китобхонаи  Агентии Тоҷикстандарт низ бо китобҳои бадеӣ ғанӣ гардонида мешавад. Толори китобхона  барои нигоҳдории китобҳо мусоид буда, имкони ҷойгир кардани китобҳои зиёдеро доро аст, ки ҳар нафар аз он метавоанд ба осонӣ самаранок истифода барад.  То имрӯз дар китобхона, ки аз оғози таъсисёбии Агентӣ фаъолият мекард садҳо нусхаи китобҳои илмиву соҳавӣ мавҷуд аст. Китобҳои мазкур аз ҷониби кормандон ба таври ҳамешагӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои пешрафти кор мусоидат мекунад. Акнун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавиёт китобҳои бадеӣ гирд оварда шуд, ки алҳол теъдоди он маҷмуан ба 500 адад  расид. Ин китобҳо аз эҷодиёти баландмазмуну нотакрори адибони классик ва муосир буда, ганҷинаи бузургеро ташкил медиҳад. Китобҳо бо мақсаде гирд оварда шудааст, ки кормандон ба мутолиаи китоб бештар таваҷҷуҳ намоянд. Дар ин кори нек ба ҷуз китобҳои харидаи маъмурияти Агентӣ кормандон низ саҳми арзандаи худро гузошта, ба фонди он китобҳои бадеӣ ва илмиро низ пешниҳод кардаанд. Ин иқдом аз ҷониби онҳо то ҳол идома дошта, бо ин амали арзишмандашон дар баланд рафтани фарҳангу маънавиёт хизмати шоиста мекунанд.