ХАБАРҲО
2020-03-13: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рўзи Модар дар МТМ шаҳри Турсунзода
Санаи 06 марти соли 2020 дар маљлисгоњи марказ бо иштироки њамаи кормандон маљлиси тантанавї бахшида ба рўзи Модарон гузаронида шуд. Сараввал директори марказ Мирализода Пулод Шералї маљлисро оѓоз намуда, занону бонувонро аз номи директори Агентии Тољикстандарт ва шахсан аз номи худ табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки таљлили рўзи Модар дар кишвари азизи мо рўзњои аввали фасли гулрези бањор љашн гирифта шуда, њамчун рамзи накњату зебої, нафосату поксириштї ва муњаббату садоќат нисбат ба Модар ба шумор меравад.
Зан – модар тарбиятгари наслњо, њидоятгари наврасону љавонон буда, маќоми ў дар таммаддуни башарият ва сарнавишти њар ќавму миллат, бахусус тољикон хеле баланд аст. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз суханронињои худ иброз доштанд: «Наќш ва маќоми зан – модар дар њаёти љомеаи башарї нињоят бузург аст. Бењуда нест, ки нобиѓањои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи њаёт, эњёгари зиндагї ва илњомбахши рўзгори мо мебошад».
Ҳамзамон, сармуњосиби марказ Музалламшо Мирзоравшанов низ суханронї намуда, занону модаронро табрик намуд ва дар охир бонувон бо ифтихорномаву туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.