ХАБАРҲО

2020-02-06: Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Тоҷикстандарт бо нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» фаъолият менамояд

4 ва 5 –уми феврал  дар Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми Агентии Тоҷикстандарт аз ҷониби Маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилњуќуќи  ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) мебошад, санҷиши назоратии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронида шуд. Дар раванди санҷиш асосан мутобиқати фаъолияти озмоишгоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Натиҷаи санҷиши назоратӣ нишон дод, ки дар озмоишгоҳ дақиқии ташхисҳо ва дигар талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя мегардад ва бо назардошти ин барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар протоколҳои ташхисии Агентии Тоҷикстандарт қарор қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи январи соли 2018 Маркази ташхисї дар фењристи озмоишгоњњои дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсияшуда ба ќайд гирифта шудааст. Марказ тибќи талаботњои стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2009 «Талаботи умумї ба салоњиятнокии озмоишгоњњои ташхисї ва калибровкакунонї» аккредитатсия карда шудааст ва соњиби аттестати аккредитатсия мебошад. Дар давраи якуми аккредитатсия 21 усули ташхисї ва дар давраи дуюми аккредитатсия  40 усули ташхисї ба ќайд гирифта шуд, ки ин доираи ваколатњоро ќариб 2 баробар зиёд менамояд. Њамзамон, ба системаи рамзии намунањо ва љобаљогузории менељерњои сифат дар сохтори ташкилии Тољикстандарт бањои хуб дода шуд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар миќёси Осиёи Миёна Тољикистон, баъд аз Қазоқистон дуюмин мамлакате њаст, ки озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквориаш дар ин доира ваколати байналмилалї мегирад.