ХАБАРҲО

2020-01-28: Воридоти 5000 кг маҳсулоти қаннодии пастсифат пешгирї шуд

Дар доираи корњои сертификаткунонии мањсулот ба озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквории дастгоњи марказии Агентии Тољикстандарт намунаи мањсулоти қаннодӣ – ирис «Aitan», ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ворид карда шудааст, пешнињод гардид.

Намунаи ириси мазкур бо риояи ќоидањои ташхис ва истифодаи усулњои муќарраршуда дар озмоишгоњи ташхиси мањсулоти хўроквории Агентии Тољикстандарт аз ташхис гузаронида шуд.

Дар раванди ташхиси физикї-кимиёвї муайян карда шуд, ки  намунаи маҳсулоти қаннодии пешнињодгардида аз рўи нишондоди сифат ва бехатарї ба талаботи ҳуҷҷати меъёрии ГОСТ 6478-89 «Ирис. Шартҳои техникии умумӣ» мутобиќ нест.

Бо дарназардошти ин, ба мањсулоти мазкур сертификати мутобиќат дода нашуд ва барои муайян намудани њолати минбаъдаи миќдори умумии маҳсулоти қаннодии воридгардида, ки 5000 кг-ро ташкил медињад, ҷиати тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани масулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешнињод гардид.