ХАБАРҲО
2019-12-28: Паём - қадами устувор дар роҳи худогоҳии миллат
Санаи 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Кормандони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ва Марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент Паёми Пешвои миллатро дастаљамъона тамошо намуданд.
Нуктаҳои дар Паём зикргардида дастурамали кории ҳар як фарди мамлакат буда, барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар Паёми навбатии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии ҳамҷонибаи масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ва дастоварду дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, инчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии шаҳрвандони мамлакат, гиромидошти хотираи таърихӣ, омӯхтани илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ба китобхонӣ рӯ овардан ва бо ин васила баланд бардоштани савияи дониши тамоми қишрҳои ҷомеа андешаҳои самимиву созанда баён доштанд.
Аз ҷумла, барои омӯхтани гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги пурғановати аҷдодони хеш Сарвари давлат иброз доштанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро нашр намуда, дастраси тамоми сокинони малакат гардонида шавад. Инчунин, пешниҳод намуданд, ки китоби “Тоҷикон” ба якчанд забонҳои дигар тарҷума карда шуда, барои мардуми олам пешниҳод карда шавад.
Воқеан, ин иқдомҳои Пешвои миллат аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд. Дар хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон мавҷуд будани ин китоби пурарзиш аҳамияти калон дошта, мутолиаи он барои донистани воқеияти таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз фарҳангу таърихи куҳан ва тамаддунофарии ниёгон аҳамияти бузург дорад.
Инчунин, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат оид ба масъалаҳои бунёди корхонаҳои саноатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз байн бардоштани монеаҳо барои содироти маҳсулот, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ба талаботи замон мувофиқ гардонидани хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ҳар як сокини худогоҳи кишвар бахшида ба таҷлили ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ бинад ва хонаву дари худро ба тартиб дароварда, ба қадри неъматҳои зиндагӣ ва фазои орому осудаи кишвар бирасад ва баҳри тарбияи насли солим ва соҳибмаърифат, насли ояндасози Тоҷикистон, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб саҳми арзандаи худро гузорад.
Пешвои миллат вобаста ба дурнамои мамлакат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамаи масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди баррасї ќарор гирифт, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як сокини кишвар ва нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ равона гардидааст.
Маҳкамбой Каримов
Сардори дафтари матбуоти
Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд