ХАБАРҲО
2019-12-27: Паём-дастури амал
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳамаи қишрҳои аҳолї мавриди ҳамовозї ва ҷонибдорӣ қарор гирифт.
Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина боло бурдани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Баррасии дастовардҳои ин давра, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа шуданд, шаҳодати он аст, ки тайи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор, вале созандаро тай намуда, имрӯз ба як кишвари устувор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихӣ ва усулии давлат ва мардуми мост. Яке аз хусусиятҳои асосии Паёми имсола дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Бахши дигари Паём вазифаҳои асосиеро, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба миён гузошта шудаанд, дар бар гирифта, роҳҳои татбиқи онҳо таъкид гаштаанд. Ин Стратегия ҳуҷҷати усулиест, ки самтҳои асосии рушди кишвар дар ҳамаи соҳаҳоро, ҳамзамон, пешбинӣ мекунад. Бинобар ин, Паёми имсола, ки нақшаву чорабиниҳо барои соли аввали татбиқи ин ҳуҷҷатро низ дар бар мегирад, саршор аз фикру мулоҳиза ва пешниҳоду дастурҳои мушаххас мебошад.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат, мисли паёмҳои қаблӣ ба рушди бемайлони соҳибкории ватанӣ ва дар ин замина тањкими истењсолот ва раќобатпазир намудани мањсулоти ватанї аҳамияти хоса зоҳир намуда ба маврид таъкид карданд, ки: «Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».
Аз ин рў яке аз самтњои фаъолияти навбатии мо дар татбиќи «Паём-2019» аз он иборат аст, ки иљрои сариваќтии супоришњои Роњбари мамлакатро вобаста њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти пастсифату хатарнок, дастгирии соњибкорї, аз љумла мусоидат ба таќвияти истењсоли мањсулоти воридотивазкунда ва рушди иќтидори содиротии кишвар таъмин намоем. Вобаста ба ин љињати иљрои супоришњое, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатї иброз доштаанд, дар Агентии Тољикстандарт наќшаи чорабинињои мушаххас тањия шуда фаъолияти минбаъда дар њамин асос ба роњ монда мешавад.
Дар навбати худ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва соњибкорон барои татбиқи қонунҳо омили асосист, зеро дар раванди вусъат додани соҳибкории хурду миёна нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он ниҳоят бузург аст.
Лозим ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти љомеа чун ҳуљљати раҳнамо хизмат менамояд. Аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар баробари ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз љумла кормандони Агентии Тољикстандарт якдилона пуштибонї менамоянд ва ин ҳуљљати муҳим аз рӯзҳои аввал мавриди омўзиши амиқу ҳамаљонибаи аҳли кормандони Агентї қарор гирифтааст.
Тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.