ХАБАРҲО

2017-12-20: Вохӯрӣ бо соҳибкорон

 

Ҷиҳати иҷрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон  “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишї” ва “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар самти таъмин намудани ҳайати хизматрасони нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ бо либоси махсуси корӣ бо роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдо ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ вохӯриҳо гузаронида шуд. Маќсад аз баргузории чунин вохӯрињо ин аз тарафи њайати хизматрасон риоя гардидани ќоидањои савдо, ҳамсоягии молҳо, ба фурӯш набаровардани маҳсулоти пастсифат, мӯҳлати истеъмолиашон гузашта, қалбакӣ  ва инчунин ба бар намудани либоси махсуси корӣ мебошад. Чунин вохӯрињо аз тарафи марказњои зертобеъи Агентї дар шањру ноњияњои љумњурї низ гузаронида шуданд.

        Тавре  мушоњида мешавад, њоло њам аз тарафи кормандони муассисањои хизматрасонї ва фурӯшандагон нисбат ба пӯшидани либоси ягонаи махсуси корї ва нишони сарисинагї беањамиятї зоњир  мегардад. Аз ин лињоз роҳбарон ва маъмурияти бозорњо, марказњои савдо, соњибкорони инфиродии нуќтањои хизматрасон вазифадор карда шуданд, ки соњибкорон, фурӯшандагон ва њайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корї ва нишони сарисинагї таъмин намоянд.

        Дар рафти вохурї аз љониби кормандони Агентии Тољикстандарт ба иштирокдорон каталоги намунаи либосњои ягонаи корї  ва  њуљљатњои меъёрии соҳаи савдо ва бозорҳо  супорида  шуд.

      Таъкид рафт, ки љомеаи мо дар марњилаи рушд ќарор дорад ва таќозо менамояд, бозордорию хизматрасонии мо дар сатњи баланд ќарор дошта бошад. Зеро мањз тавассути сатњу сифати хизматрасонї, одоби хуби муошират, доштани либоси ягонаи корї фарњангу маданияти миллатро бањогузорї менамоянд.