ХАБАРҲО
2019-12-11: Мулоќот бо намояндагони сафорати Афғонистон дар Љумњурии Тољикистон
Рўзи 11 декабри соли 2019 дар Агентии Тоҷикстандарт мулоќоти роњбарияти Агентӣ бо намояндагони сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Љумњурии Тољикистон доир гардид.
Љонибҳо аз рафти ҳамкориҳои судманд, ки тибқи Созишномаи ҳамкорӣ амалӣ гаштаистодааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Њамзамон дар мулоќот як ќатор масъалањо доир ба фаъолияти минбаъда дар самти содироту воридоти молу маҳсулоти баландсифату бехатар, омўзиши таљрибаи љонибњо ва густариши њамкорињо мавриди баррасї ќарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии стандартҳои байни ду кишвар алҳол зарурати аввалиндараҷа дорад ва мутобиќати ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии ҳар ду кишвар ба таъмини бехатарии молу маҳсулот заминањои устувор мгузорад. Бо ин маќсад бо дарназардошти имкониятњои мављуда њамоњангсозии стандартњои њар ду љониб ва дар заминаи он вусъат додани њамкорињо дар самти содироту воридоти молу мањсулоти баландсифат мувофиќи маќсад мебошад.
Намояндагони сафорати Ҷумҳурии Афғонистон дар Љумњурии Тољикистон зимни мулоќот изњор доштанд, ки омўзиши таљрибаи хуби Љумњурии Тољикистон дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва таъмини раќобатпазирии молу мањсулоти истењсоли ватанї барояшон муфид аст. Пешнињод гардид, ки дар доираи њамкорињо мунтазам курсњои омўзишї ва мубодилаи таљрибаи соњавї гузаронида шавад.
Њамзамон љонибҳо иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулот ва ҳимояи солимии истеъмолкунандагон воридкунандагону содироткунандагон бо масъулияти баланд ва риояи талаботи муќарраргардида фаъолият намоянд.
Дар охир директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќ. Ќ. бо маќсади таќвият додани њамкорињо ва баррасии масъалањои соњавї роњбарияти Идораи миллии стандартонии Љумхурии Афѓонистонро ба Љумњурии Тољикистон даъват намуда, ба мењмонон барои суњбати муассир изњори сипос намуданд.