ХАБАРҲО
2019-12-24: Семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо
Дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо мақсади татбиқи “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ” ва бахшида ба эълон гардидани “Солҳи 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ” бо иштироки зиёда аз 30 нафар роҳбарон ва намояндагони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар оғози семинар зикр карда шуд, ки бо таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари мо таваҷҷўҳи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд. Таъриху анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, табиати зебо ва мавзеъҳои сайру саёҳатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд солҳои охир шумораи бештари сайёҳонро аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб намудааст. Инчунин, таъкид гардид, ки дар давоми чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров меҳмонхонаҳои нав бунёд ёфта, меҳмонхонаҳои мавҷуда таъмиру азнавсозӣ ва барои бунёди меҳмонхонаҳои нав лоиҳаҳои нави ҷавобгӯи талаботи замон пешниҳод мегардад. Ҳадафи азнавсозӣ ин муҳайё кардани шароитҳо барои меҳмонону сайёҳон ва мутобиқ намудани меҳмонхонаҳо ба талаботи стандартҳои амалкунанда мебошад.
Мақсади ташкили семинари омӯзишӣ низ табодули таҷрибаҳои пешқадам ва маслиҳатҳои мутахассисону коршиносон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати меҳмонхонадорӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.
Мутахассисони шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд иштирокчиёни семинарро бо талаботи стандартҳои амалкунандаи ”Хизматрасонии туристӣ. Талаботи умумӣ”, “Хизматҳои туристӣ. Талабот оиди таъминоти бехатарии туристӣ”, “Таснифи меҳмонхонаҳо”, “Хизматҳои туристӣ. Лоҳиякашии хизматҳои туристӣ» шинос намуда, оиди риояи талаботи ин стандартҳо андешаҳои худро баён намуданд.
Баромадкунандагон зикр доштанд, ки талаботи стандартҳои соҳаи меҳмонхонадорӣ агар аз ҷониби субъекти хоҷагидор амалӣ карда шавад, ин барои пешравии кор ва баланд шудани обрӯву нуфузи меҳмонхона мусоидат мекунад. Ба талаботи замони муосир мутобиқ будан аз баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ вобастагӣ дорад. Аз лавҳаи корхона сар карда, то реҷаи корӣ, пешниҳоди ғизоҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ, ташкили пазироӣ ва гусели меҳмонон, донистани забонҳои хориҷӣ, сифати хизматрасонӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо, таъмин будани ҳайати хизматрасонӣ бо нишони сарисинагӣ ва либоси махсуси корӣ, ташкил кардани нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ва боз даҳҳо талаботҳои дигари стандартҳо бояд ҳатман иҷро карда шавад ва ҳар як истеъмолкунанда аз фаъолияти меҳмонхонаҳо ва сатҳи хизматрасонии онҳо бояд қаноатманд бошад.
Тавре дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, муҳайё сохтани шароити мусоид барои сармоягузорону сайёҳон ва ба роҳ мондани маданияти баланди хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи меҳмонхонадорӣ ва сайёҳӣ барои кишвари мо хеле зарур мебошад.
Таҳлили натиҷаи корҳои омӯзишӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир рақобат дар соҳаи меҳмонхонадорӣ зиёд шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ низ хеле беҳтар гардидааст.
Мутахассисони шӯъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ Маркази Тоҷикстандарт баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои тарғиботӣ ва маниторингро дар меҳмонхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва бехатарии ҳаёту саломатии меҳмонон бо ҷалби мутахассисони соҳа дар оянда низ семинарҳои омӯзиширо ба роҳ мемонанд.
Дар хотимаи семинари омӯзишӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, онҳо мулоҳизаҳои худро вобаста ба роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таҷрибаивазкунӣ баён намуданд.
Эркин Музаффаров - сардори шуъбаи
шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии
Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд