ХАБАРҲО
2019-12-06: Риояи талаботи стандартњои байналмилалї дар соњаи кишоварзї-омили рушди содирот ба хориљи кишвар
5 декабри соли 2019 аз тарафи Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тољикстандарт бо иштироки кишоварзони (35 нафар роњбарони хољагињои дењќонї ва масъулини соња) шањрњои Турсунзода, Њисор ва ноњияи Шањринав дар мавзўи «Талаботи стандартњои байналмилалї дар соњаи кишоварзї” дар шањри Турсунзода семинари омўзишї гузаронида шуд.
Нахуст семинарро муовини Раиси шањри Турсунзода Собирзода Ѓафурљон ифтитоњ намуда њозиринро ба муњтавои мавзўи баррасаишаванда ва моњияти он шинос намуд. Баъдан сардори Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентї Ашурзода Сўњроб дар бораи сиёсати пешгирифтаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти рушди содироти мањсулоти кишовазї ба хориљи ва дар заминаи татбиќи ин сиёсат оид ба корњои басомонрасонидаи Агентии Тољикстандарт гуфта гузаштанд. Мавсуф ќайд намуданд, ки Тољикистон љумњурии аграрї буда, дорои шароити хуби истењсоли мањсулоти кишоварзии аз љињати экологї тоза ва хушсифат, хусусан меваю сабзавот мебошад. Солњои охир бо зиёд гаштани бунёди боѓњо дар ќаламрави мамлакат истењсоли меваи тару тоза ва хушк тамоюли афзоиш дорад. Аз ин рў, имрўз зарурат ба миён омадааст барои содироти меваю сабзавот ба хориљи кишвар аз тамоми имкониятњои мавчуда истифода барем. Дар ин самт љињати бењтар намудани сифати мањсулоти кишоварзї ва баланд бардоштани иќтидори содиротї аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тадбирњо роњандозї гашта истодаанд. Чунончи, Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон иброз доштанд: «Яке аз роњњои баланд бардоштани сатњи некўањволї ва бењтар гардидани вазъи зиндагии мардуми кишвар дар афзоиши истењсоли мањсулоти кишоварзии ватанї ва содироти он ба хориљи кишвар мебошад»
Ќайд гардид, ки Агентии Тољикстандарт њамчун маќомоти миллии соњаи стандартонии Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, дар ташкилотњои байналмилалии соњаи стандартикунонї Тољикистонро муарифї менамояд. Имрўз маќомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатњои аъзои Иттињоди давлатњои мустаќил, аъзо-кореспонденти ташкилоти байналмилалї оид ба стандартњо ИСО, Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия (МАС) ва дигар ташкилотњо мебошад, ки бе мамоният аз стандартњои байнидавлатї ва байналмилалї истифода мебарад. Њамзамон, Тољикстандарт дар Љумњурии Тољикистон маќомоти пешбаранда ва нигоњдорандаи фонди давлатии њуљљатњои меъёрї-техникї мебошад, ки айни њол дар фонди мазкур зиёда аз 21 њазор стандартњои байнидавлатї, стандартњои давлатї ва байналмилалї нигоњ дошта мешаванд. Аз миќдори умумии стандартњои дар фонд мављуд буда, 3165 адад стандарњоро, стандартњои соњаи кишоварзї ва хурокворї ташкил медињад.
Баъдан тибќи барномаи тасдиќгардида мудири бахши Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї Воњидзода Азалшоњ оид ба стандарти кишоварзии “GLOBAL. G.A.P-Таљрибаи хуби аграрї” барои содирот ба хориљи кишвар маълумот дода њозиринро ба талаботи ин стандарти эътирофшудаи байналмилалї шинос намуда, онро дар таљриба ба иштирокчиён нишон доданд.
Њозиринро сармутахассиси раёсати мазкур Бобозода Бањром оид тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї шинос намуда ќайд карданд, ки давоми чанд сол аст, ки Агентии Тољикстандарт бо Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) љињати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ њамкорї дорад. Бо маќсади таќвияти рушди содирот тањияи стандартњои мањсулоти кишоварзї, дар њамкорї бо шарикони рушд барои содироти мањсулоти ватанї ба хориљи кишвар корњои назаррасе ба анљом расонида шуд. Дар давоми солњои 2018-2019 аз тарафи мутахассисон рисолањои тавзењї аз рўи стандартњои байналмилалии Комиссияи иќтисодии аврупоии Созмони Милали Муттањид – “ЕЭК ООН FFV-25” барои содирот , назорати сифати мањсулоти пиёзи барваќтї, стандарти “ЕЭК ООН FFV-63”- барои содирот ва назорати сифати мањсулоти хурмо ва стандарт барои лиму “ЕЭК ООН FFV-14” тањия шудаанд. Дар рисолаи тавзењї дар асоси талаботи байналмилалї љињати ба ќайд гирифтани нишондињандањои зарурии мањсулот, намунањои мањсулот аз рўи нишондоди нуќсонњои табиї, нуќсонњои техникї, намуд, шакл ва вазн бо љалби мутахассисони Академияи илмњои кишоварзї бањогузорї карда шуд. Талаботи њар як стандарти мазкур ба иштирокчиён тавзењ дода шуд.
Њамин тариќ, семинар љамъбаст гардида њозирин оид ба талаботи стандартњои байналмилалии соњаи кишоварзї маълумоти муфассал дастрас намуданд.