ХАБАРҲО
2019-11-29: Омӯзиши Регламентии техникии «Бехатарии гази табиии сўзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда”
Дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд доир ба муаррифии Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда» бо иштироки намояндагони корхона ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба гази табиӣ дар ҳудуди вилояти Суғд кор ва фаъолият мекунанд ва мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, Марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара ва Конибодом ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Сангин Сангинзода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, зикр дошт, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Регламенти техникии «Бехатарии гази табии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда» ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2018, таҳти № 8554 (27-6) дар асоси талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бамеъёрдарории техникӣ» аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани бозори истеъмолӣ ва муқаррар намудани талаботи ягона ба гази табиии сўзишвории барои интиқол ва истифодабарӣ омодакардашуда, ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, амвол, муҳити зист, ҳаёту саломатии ҳайвонот ва наботот, огоҳсозии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) ба иштибоҳ мебаранд, таҳия гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои байнидавлатии ГОСТ 5542-2014 «Газы горючие природные промышленного и коммунально-бытового назначения. Технические условия» ва ГОСТ 27577-2000 «Газ природный топливный компримированный для двигателей внутреннего сгорания. Технические условия» амал менамоянд, ки нисбати газҳои табиӣ меъёрҳои техникӣ муқаррар намудаанд, аммо тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» интихоби онҳо барои истифода аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ихтиёрӣ мебошад. Бинобар ин, Агентии Тоҷикстандарт дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон регламенти техникии мазкурро таҳия намуд.
Сипас, Нуруллозода Тоҳир муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии Тоҷикстандарт моҳияти Регламенти техникии «Бехатарии гази табии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда»-ро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки регламенти техникӣ талаботҳоро нисбати гази табии сўзишворӣ (ГТС), гази табиии сўзишвории фишурдашуда (компримированный), гази табиии сўзишвории таъиноти саноатӣ ва коммуналӣ-маишӣ ва гази табиии сўзишвории моеъ (ГТСМ) муқаррар гардида, таъмини бехатарии техникии таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасон ва пешгирии бехатарӣ аз сўхтор ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин, дар регламенти мазкур талаботҳо нисбати Шабакаҳои компрессории газпуркинии автомобилӣ (ШКГПА) муқаррар карда шудааст.
Ҳамзамон, номбурда тамоми паҳлӯҳои Регламети техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда», аз он ҷумла қоидаҳои муомилоти маҳсулот дар бозор, талаботи бехатарӣ ва истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо, таъминоти мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламенти техникӣ, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламенти техникӣ ва ғайра суханронӣ намуд.
Сипас, иштирокчиёни ҷаласа оид ба талаботи Регламенти техникии «Бехатарии гази табии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда» саволу ҷавоб намуда, андешаҳои худро баён доштанд.
Аз он ҷумла, намояндаи Петролиум Суғд дар бораи Регламети техникии «Бехатарии гази табии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда» аз номи иштирокчиён ба ташкилкунандагони ҷаласа бо қаноатмандӣ изҳори сипос намуд. Баъдан, дигар иштирокчиён оид ба татбиқи амалии Регламенти техникии мазкур фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Маҳкамбой Каримов сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд