ХАБАРҲО

2019-11-15: Машварати роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва аккредитатсия (ҷаласаи 56-уми Шӯрои байнидавлатӣ

Аз 12 то 14 ноябри соли 2019 дар шањри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон машварати роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи мувофиқа намудани сиёсат дар доираи стандартизатсия, метрология, сертификатсияи (56-ум ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ) Иттињоди Давлатњои Мустаќил баргузор гардид ва дар кори он директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќудрат ва сардори раёсати бањодињии мутобиќат Давлатзода Рањмоншо иштирок намуданд.

Њамчунин, дар кори љаласа роҳбарон ва намояндагони маќомоти марбутаи Федератсияи Россия, Љумњурињои Тољикистон, Арманистон, Озарбойљон, Беларус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Молдова, Ўзбекистон, Бюро оид ба стандартњои Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин, намояндаи Кумитаи иљроияи ИДМ ва ба њайси нозир намояндагони Комиссияи иќтисодии АвруОсиёї (ЕЭК) иштирок намуданд.

Дар ҷаласа 30 масъала вобаста ба рушди стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои ҳалли масъалаҳои муҳим оид ба баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бартараф намудани монеањои техникї дар савдои байни давлатњои аъзои ИДМ, гузаронидани бањодињии мутобиќат њангоми воридоту содирот намудани молу мањсулот, баррасии фаъолияти комиссияњои илмї – техникї ва таќвият додани робитањои илмї-техникї мавриди тањлил ќарор дода шуд.

Ҳамзамон, масоили вобаста ба рушди самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия дар доираи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 баррасӣ гардида, баъд аз муҳокима лоиҳаи нави Стратегияи рушди Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ шуд.

Барои рушди минбаъдаи фаъолияти Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия якчанд масъалаҳо, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи корӣ оид ба стандартизатсияи байнидавлатӣ барои солҳои 2019-2021, қабули 339 ҳуҷҷат оид ба стандартизатсияи байнидавлатӣ ва таъсиси 4 кумитаи техникии байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия (КТБ) баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дар раванди кори ҷаласа дар доираи татбиқи “Созишнома дар бораи эътирофи натиҷаҳои ташхис бо мақсади тасдиқи навъ, аттестатсияи метрологӣ, санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак” пешниҳодҳои дар ин самт ҷойдошта мувофиқа карда шуда, вобаста ба масъалаи мазкур тартиби нав, ки аз ҷониби Федератсияи Россия таҳия шудааст, қабул гардид.  

Бо мақсади батанзимдарории ихтилофоти ҷойдошта дар лоиҳаи Созишнома оид ба монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузории ҷаласаи гуруҳи экспертӣ дар моҳи феврали соли 2020 дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи ИДМ пешбинӣ гардид.

Илова бар ин, дар доираи ҷаласаи 56-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустаҳкил дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ баргузор гардида, хулосаҳои комиссияи экспертӣ оид ба натиҷаҳои экспертизаи маводҳо баррасӣ гардида, лоиҳаи қарор оид ба ҳайати лауреатҳо ва дипломантҳои озмун барои пешниҳод ба Шӯрои иқтисодии ИДМ омода карда шуд.

Бояд қайд кард, ки тибќи њисоботи котиби масъули Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия даври дуюми озмун љињати дарёфти Љоизаи Иттињоди Давлатњои Мустаќил барои дастовард дар соњаи сифат ва хизматрасонї љамъбаст гардид ва дар ќатори чањордаҳ корхонаи давлатњои аъзо аз Љумњурии Тољикистон ду корхонаи саноатї ба рӯйхати ғолибони озмун роњ ёфтанд.

Дар љаласа намояндагони маќомоти минтаќавии соњавї њамчунин фикру мулоњизањои худро оид ба такмил додани њамкорињо изњор намуданд.

Дар љаласаи Шўро аз љониби Љумњурии Тољикистон ба њайси аъзои Шўро ва роњбари маќомоти соњавї Давлатзода Ќ. дар самти дастгирии истењсолкунандагон љињати раќобатпазирии мањсулот, ҳамоҳангсозии стандартҳои соҳаи кишоварзӣ, ба бозомўзї фаро гирифтани мутахассисон ва табодули таљрибаи пешќадам изњори аќида намуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз тарафи аъзоёни ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, протоколи ҷаласаи 56-уми ШБД ба имзо расид.

Айни замон бо маќсади дастгирии рушди соњибкорї дар самти баланд бардоштани сифати молу мањсулоти содиротї ва раќобатпазир гардонидани мањсулоти истењсоли ватанї аз тарафи Агентї дар доираи њамкорињо бо давлатњои аъзои Шўрои байнидавлатї якчанд тадбирњо, аз љумла њамоњангсозии стандартњои байнидавлатї ба стандартњои байналмилалї идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонањои ватанї барои истењсоли молу мањсулоти босифату раќобатпазир ва аз љињати экологї тоза мусоидат менамояд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки њамкорињо дар ин самт барои бартараф намудани монеањои техникї дар савдо, рушди соњаи стандартонї ва зиёд намудани њаљми мањсулоти содиротии раќобатпазир дар Љумњурии Тољикистон замина мегузорад.