ХАБАРҲО

2019-11-20: Љаласа оид ба муаррифии Регламентии техникии «Бехатарии гази табиии сўзандаи барои интиќол ва истифодабарї омодашуда”

Санаи 20-уми  ноябри соли 2019 дар Агентии Тоҷикстандарт доир ба муаррифии Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда» бо иштироки намояндагон аз Ассотсиатсияи воридкунандагони маҳсулоти нафт ва гази моеъ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, КВД “Тоҷиктрансгаз”, ҶСКШ “Душанбегаз, намояндагони субъектҳои хоҷагидоре, ки бо гази табиӣ кор мекунанд ва кормандони шуъбаи саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тоҷикстандарт Ашурзода Суҳроб оғоз намуда, ҳозиринро оид ба мақсади ҷаласа шинос намуда, моҳияти Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда» гуфта гузаштанд.

Ќайд карда шуд, ки  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Регламенти техеникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интитқол ва истифодабарї омодашуда» ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2018,№ 8554 (27-6) дар асоси талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт бо маќсади ба танзим даровардани бозори истеъмолї ва муќаррар намудани талаботи ягона ба гази табиии сўзандаи барои интиќол ва истифодабарї омодакардашуда, њифзи њаёт ва саломатии инсон, амвол, муњити зист, њаёту саломатии њайвонот ва наботот, огоњсозии амалњое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) ба иштибоњ мебаранд, тањия гардидааст.

Мавсуф ќайд намуд, ки  дар Љумњурии Тољикистон  стандартњои байнидавлатии ГОСТ 5542-2014 «Газы горючие природные промышленного и коммунально-бытового назначения. Технические условия» ва ГОСТ 27577-2000 «Газ природный топливный компримированный для двигателей внутреннего сгорания. Технические условия» амал менамоянд, ки нисбати  газњои табиї меъёрњои техникї муќаррар намудаанд, аммо тибќи талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи стандартонї» интихоби онњо барои истифода аз љониби субъектњои хољагидор ихтиёрї мебошад. 

Бинобар ин, Агентии Тољикстандарт дар асоси дастури Њукумати Љумњурии Тољикистон регламенти техникии мазкурро тањия намуд.

Сипас, ҷаласаро Одиназода Тоҳир муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тоҷикстандарт идома дода, дар бораи  Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда» ба иштирокчиён бо тарзи  рӯнамо маълумот дод. Ќайд гардид, ки регламенти техникї талаботро нисбати гази табиии сўзанда (ГТС), гази табиии сўзандаи фишурдашуда (компримированный), гази табиии сўзандаи таиноти саноатї ва коммуналї-маишї ва гази табиии сўзандаи моеъ (ГТСМ) муќаррар намуда, дар он таъмини бехатарии техникии  таљњизоти асосї ва ёрирасон ва пешгирии бехатарї аз сўхтор ба инобат гирифта шудааст. Инчунин, дар регламенти мазкур талабот нисбати Шабакањои компрессории газпуркинии автомобилї (ШКГПА) муќаррар шудааст.

Њамзамон, номбурда тамоми паҳлӯҳои Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда», аз он љумла қоидаҳои муомилоти маҳсулот дар бозор, талаботи бехатарї ва истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо, таъминоти мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламенти техникї, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламенти техникї ва ғайра суханронї намуданд.

Сипас, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор  ва субъектҳои истифодабарандагони гази табиӣ саволу ҷавоб оиди талаботи Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда» гузаронида изҳори назар намуданд.

Аз он љумла, намояндаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорї Ҳамидов Ш. дар бораи Регламенти техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интитқол ва истифодабарї омодашуда» изҳори назар намуд. Баъдан намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор оиди татбиқи амалии Регламенти техникии мазкур баромад намуда фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.  

Бояд қайд кард, ки намояндагони вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор барои ташкили ҷаласаи «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интитқол ва истифодабарї омодашуда»  изҳори қаноатмандї  карданд.

Сухани ҷамъбастиро сардори раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонии Агентии Тоҷикстандарт Ашурзода Суҳроб оиди Регламети техникии «Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарї омодашуда» ҷамъбаст намуд.