ХАБАРҲО

2019-11-14: Машварат оид ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ

Бо иштироки намояндагони Маркази миллии потент ва иттилот дар Агентии Тоҷикстандарт  семинари омӯзишӣ  доир гардид. Мавзӯи асосии семинарро масъалаҳои ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқҳои истисноӣ, ихтироъ, моҳият, объектҳо ва истифодабарии он, тамғаи молӣ – экспертизаи тамғаи молӣ ва истифодабарии он дар бар гирифт.

Сараввал, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Пирназарзода Диловар ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Агентии Тоҷикстандарт бо Маркази миллии патенту иттилоот ҳамкории зич дошта, дар фаъолият ба ҳамдигар ёрии амалӣ мерасонанд. Мисоли равшани ин ҳамкорӣ баргузории семинари имрўза бо иштироки намояндагони Маркази миллии патенту иттилоот мебошад.

Намояндагони  Маркази миллии патенту иттилоот дар  мавзўи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ. Ҳуқуқҳои истисноӣ» маърўза карда қайд намуданд, ки моликияти зеҳнӣ - ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад. 

Тавре ҳозирин таъкид доштанд, барои пешрафти кор ва монеа эҷод нагаштан дар ҷараёни фаъолияти минбаъда  ҳар як соҳибкор ва ихтироъгарону дигар шахсон вазифадоранд, ки барои фаъолият ва молу маҳсулоти худ патент гиранд ва онро  рақобатпазир ба бозор гардонанд. Дар замони муосир патентонӣ ва иттилоотонӣ дар тамоми кишварҳои олам ҳангоми шурӯъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ дар мадди аввал меистад. Дар ҳоли иҷозатнома нагирифтан барои кору фаъолият, молу маҳсулот ва тамғагузориву рамзҳо ва дигар расмиёт аз эҳтимол дур нест, ки  дар рафти фаъолият монеаҳову душвориҳо пеш ояд. Баён гардид, ки чунин ҳолатро дар таҷриба зиёд мушоҳида кардаанд. Намояндагони Марказ як чанд далелҳоро оид ба душвориҳо ба ҳозирин мисол оварда, талаботи асосӣ ва рафти иҷрои барасмиётдарории ҳуҷҷатҳоро баён доштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ миёни ҳозирин саволу ҷавоб  ва мубодила афкору пешниҳодот ҷараён гирифта, ба як қатор масъалаҳо равшанӣ андохта шуд.