ХАБАРҲО

2019-11-16: Муаррифии китоби “Роњнамо барои њунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом љињати рушди истењсоли њунарњои мардумї”

Давоми  солҳои охир Њукумати Љумњурии Тољикистон алалхусус Асосгузори сулњу Вахдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон   барои Тоҷикистонро ба кишвари саёњї табдил додан кўшиш ба харљ дода истодааст.

Барои вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофёбии инфрасохтории деҳот, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ эълон намуд.

Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд.

Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои санъати дасти муаммоҳои гуногун нуҳуфтаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

Дар доираи татбиқи Иқдоми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рањмон  Агентии Тољикстандарт тасмим гирифт, ки  барои рушди истењсоли њунарњои мардумї љињати огоњї ёфтани њунармандон аз талаботи њуљљатњои меъёрии техникї ва истифодаи ин талаботњо њангоми истењсоли мањсулот ягон дастурамал ё  маводи чопї омода намояд. Чунки барои мањсулоти њунарњои мардумї ягон њуљљати меёърї техникї (стандартњои давлатї, регламентњои техникї) ќабул карда нашудааст ва ин мањсулот ба стандартонї ва бамеъёрдарории техникї фаро гирифта намешавад. Аммо нисбати ашёи хоми истифодашаванда дар ин мањсулотњо њуљљатњои меъёри техникї амал мекунанд, ки онњоро дар як мавод љамъ овардан лозим омад.

Аз ин рў  мутахассисони Агентии Тољикстандарт  тасмим гирифтанд, ки  ин маводњоро љамъоварї намуда дар шакли китоб чоп намоянд. Њамин тариќ, мутахассисон  китоби Роњнамо барои њунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом љињати рушди истењсоли њунарњои мардумиро бо дастгирии бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дастгирии техникии шарикони рушд  омода намуданд, ки имрўз дар ин њамоиш пешнињоди Шумо гардонидем. Дар китоби мазкур, ки аз љониби мутахассисони Агентии Тољикстандарт тањия карда шудааст талаботи њуљљатњои меъёрии техникии нисбати њар як ашёи хоми намуди молу мањсулот ба инобат гирифта шудааст.   Роњнамо ба њар як намуди мањсулоти њунари мардумї  љињати интихоби дурусти ашёи хом аз рўи нишондодњои   њуљљатњои меъёрї-техникї  маълумот дода, барои бењтар намудани сифати мањсули дасти онњо мусоидат менамояд.

Дар китоб маълумоти мутассар оид ба  ќоидањои иваз намудани моле, ки  мўњлати кафолаташ муќаррар нагардидааст, фарќияти матоњои синтетикї аз табии, санљиши муќоисавии ресмон љамъовари шудааст.

Њамзамон, дар китоб доир ба 21 намуди њунарњои миллии дузандагї ва кандакорї, инчунин 21 њунари омода намудани таомњои миллї ва мањсулоти хўроквории миллї  аз талаботњои муќаррарнамудаи њуљчатњои меёрии-техникии амалкунанда маълумотњои зарурї љамъоварї гаштаанд.

Ашёи хом, ки барои истењсоли мањсулоти њунарњои мардумї  яке аз унсури асосї мебошад итихоби босифати  он аз рўи нишондоди њуљљатњои меъёрї-техникї омили  истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар ба њисоб меравад. Аз ин рў мањз мазмуну муњтавои китоби тањия гашта ба ин самт равона гаштааст.  

Китоби “Роњнамо барои њунармандон оид ба интихоби дурусти ашёи хом љињати рушди истењсоли њунарњои мардумї” барои њунармандон њамчун роњнамои њаќиќии рушди мањсулоти истењсолиашон кумак намуда, љињати  рушди санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо  ба љањониён мусоида менамояд.