ХАБАРҲО

2019-11-16: Вохӯрии судманд бо соҳибкорони Бадахшон

Бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон љињати саноатикунонии босуръати кишвар, мусоидат ба рушди содирот, љорї намудани стандартњои байналмилалї, раќобатпазирии молу мањсулот, баланд бардоштани сифат ва истењсоли бехатари мањсулоти ватанї ва инчунин ќарори љаласаи Шўрои њамоњангсозї оид ба бехатарии мањсулоти хўрокворї аз тарафи Агентии Тољикстандарт тибќи Наќша-чорабинињо дар шањри Хоруѓ дар бинои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ санаи 15 ноябри соли 2019 семинари омӯзишї ва корњои фањмондадињї бо истењсолкунандагони мањсулоти хўрокворї ва кору хизматрасонї дар мавзўи «Риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї - омили асосии истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар» љињати амалї намудани њадафи чоруми миллї - саноатикунонии босуръати кишвар ва мусоидат ба рушди содирот гузаронида шуд.

Илова бар ин, масъулини Агентӣ бо вазъи бозорҳо ва нуқтаҳои савдою хизматрасонии шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят шинос шуда, ҷиҳати риояи талаботи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта таъкид ба амал оварданд.

Бо назардошти пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ва хатарнок ба бозори истеъмолии вилоят, баланд бардоштани сатҳи сифати молу маҳсулот ва рақобатпазирии маҳсулот бо ҷалби 45 нафар соҳибкорони шаҳри Хоруғ ва иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинар-машварат дар мавзўи «Риояи талаботи регламентњои техникї ва љорї намудани стандартњои байналмилалї – омили асосии истењсоли мањсулоти босифат ва бехатар»  баргузор карда шуд. Дар кори семинар ба соњибкорон оид ба афзалиятњои љорї намудани низоми менељменти сифат тибќи стандартњои байналмилалї дар корхонањои истењсолї ва мусоидат ба содирот тавсияњои муфид манзур гардид.

Лозим ба зикр аст, ки дар раванди баргузории вохӯриҳо бо кормандони мақомот ва соҳибкорону субъектҳои хоҷагидор дар баробари баррасии масъалаҳои соҳавӣ, инчунин оид ба пешгирии ақидаҳои нодуруст дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ изҳори назар карда шуд.

Бояд ќайд намуд, ки семинари омузишї ва корњои фањмондадињї дар фаъолияти корхонањои истењсолї, хизматрасонї ва мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ аз тарафи шуъбаи назорати давлатӣ дар маљмааи агросаноатї ва шуъбаи низоми менељменти сифати Агентии Тољикстандарт дар асоси барномаи семинари омӯзишї тибќи соатњои муайяншуда дар сатњи хуб бо истифода аз маводи техникї ва аёнї гузаронида шуд.