ХАБАРҲО

2019-10-29: Моҳияти стандартҳои Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) ба кишоварзон фаҳмонида шуд

Бо мақсади  дастгирии хољагиҳои деҳқонию соҳибкорон ва тақвият бахшидани рушди содирот муддати  чанд  сол  мешавад, ки  дар Агентии  Тољикстандарт гурўҳи  кории  миллии техникї  оид  ба таҳияи  стандартҳои мева  ва маҳсулоти кишоварзии Комиссияи  иқтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) таъсис  дода шудааст.

Дар  асоси нақшаи кории гурўҳи техникї бо роҳбарии муовини  директори Агентӣ  Шерзода Ситора Ҷалол ва мутахассисони соҳа 21 октябри соли ҷорӣ  дар  хољагии таљрибавии «Сунбула»-и  назди  Академияи илмҳои  кишоварзї ва дигар хољагиҳои хурмопарварии воқеъ дар шаҳри Ҳисор машварати омўзишӣ аз рўи нишондиҳандаҳои  нуқсонҳои  овезаи стандарти Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ (ЕЭК ООН) FFV- 63 (хурмо)  гузаронида  шуд. Фатҳулло Раљабов - агрономи хољагии таљрибавии «Сунбула» дар  хољагиаш  зиёда аз  22- навъи  хурморо  селексия  кардааст, ки  ин  навҳои  хурмои  онҳо  дар  таҳияи  нишондиҳандаҳои  нуқсонҳои  овезаи стандарти Комиссияи иќтисодии  аврупоии СММ (ЕЭК ООН)  FFV- 63 (хурмо)  саҳми арзишманд  доранд

Инчунин, рӯзҳои 24-25 октябр дар хољагии лимӯпарварии Абдураҳим Тоҳиров воқеъ дар ноҳияи Љайҳун машварати омўзишӣ аз рўи  нишондиҳандаҳои нуқсонҳои овезаи стандарти Комиссияи иќтисодии  аврупоии СММ (ЕЭК ООН) FFV-14 (лимӯ) гузаронида шуд. Дар ин  вохўриҳо ба  иштирокчиёни  машварат аз рӯи овезаи  стандарти FFV- 63 (хурмо)  ва FFV-14 (лиму) оид   ба  чанд  навъ  људо шудани хурмо  ва лимў,  нуқсонҳои сифати  маҳсулот ва  андозаҳои  (калибраи) хурмо  ва лимў   маълумот  дода  шуд. Дар  вохўрӣ бо кишоварзон ва соҳибкорон маълум гардид, ки  истеҳсол  ва  содироти  хурмо  ва лимў  дар  ин  минтақаҳо  зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ба иштирокчиёни машварати  омўзишӣ  овезаи  нуқсонҳои  сифати (плакати)  стандартҳои FFV- 63 (хурмо)  ва FFV-14 (лимӯ)  барои роҳнамоӣ супорида шуд.

Ҳамзамон  дар  рафти  вохўрӣ  масъалаи  содироти  меваю  сабзавоти  тару  тоза  ва самаранокии  боѓњои  интенсивї,  истифодаи  нурињои  минералї ва заҳрхимикатњо дар ваќти парвариши меваю сабзавот, роњҳои интиќоли мањсулоти зикршуда ба бозорњои  Аврупо, меъёрњои муайяншуда аз тарафи ташкилоти стандартонии давлатњои Аврупо, ба монанди пестисидњо, микроорганизмњо, намуди зоњирии мањсулот, ченаки меваю сабзавот, навиштаљоти тамѓагузории мањсулот, талабот нисбати борљомањои меваю сабзавот, тарзу усулњои борљоманамоии меваю сабзавот аз рўи талаботи стандартњои Комиссияи иќтисодии  аврупоии  СММ (ЕЭК ООН) ва баќайдгирии  мањсулоти  содиротшаванда мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Бо натиљагирї аз машварати омўзишӣ чунин хулосабарорї карда  мешавад, ки мутобиќгардонии стандартњои Комиссияи иќтисодии  аврупоии  СММ (ЕЭК ООН) дар  Љумњурии Тољикистон имкон медињад, ки хољагиҳои деҳқонӣ меваю сабзавоти худро бе монеа ба бозорњои Аврупо  содирот  кунанд.

Ҳамзамон ин амал ба соддагардонии раванди тиљорат ва содироти маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, аз байн  бурдани  монеањои техникӣ ва ба раќобатпазирии маҳсулот мусоидат менамояд.