ХАБАРҲО

2019-11-01: Тоҷикстандарт воридшавии 60 тонна равғани пастсифати пахтаро пешгирӣ намуд

Дар самти њимояи бозори истеъмолї аз воридоти мањсулоти пастсифату ба саломатии инсон хатарнок аз љониби мутахассисиони Маркази Тољикстандарт дар вилояти Суғд мунтазам тадбирњои мушаххас андешида мешавад.

Мутахассисони шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо дархости ҶДММ “Элита Тиҷорат” дар анбори ҶДММ “Сомон 2017 дар шаҳри Бӯстон корҳои сертификатсинӣ гузаронида, аз 60 тонна маҳсулоти равғани пахта намуна гирифта шуда, ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ барои ташхис супориданд. Дар асоси протоколи 2321 аз 22 октябри соли равон 60 тонна равғани пахтаи софкардашудаи доғнакардаи навъи якуми воридотӣ, аз рӯи нишондиҳандаҳои номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷудияти бӯйҳои бегона ва баланд будани рангнокӣ ба талаботи СБД 1128-75 ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқат намекунад.

Дар асоси талаботи зербанди 9, моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока” соҳиби маҳсулоти хатарнок ӯҳдадор карда шудааст, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ онро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Бо дарназардошти ин, дар њамкорї бо намояндагони Хадамоти гумрук миќдори умумии 60 тонна равғани пахтаи ғайристандартӣ, ки маблағи умумии он 407261 сомониро ташкил мекунад, санаи 30 октябри соли 2019 тибќи низоми «Реэкспорт» аз ќаламрави Ҷумњурии Тоҷикистон берун бароварда шуд.

Бо истифода аз фурсат аз ҳамаи соњибкорону воридкунандагони мањсулоти ѓизої хоњиш менамоем, ки дар вақти ворид намудани молу мањсулот ба ќаламрави мамлакат манфиатњои миллиро аз манфиатњои шахсї боло гузошта, бо эњсоси баланди ватандўстӣба ворид гаштани маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд.