ХАБАРҲО

2019-10-31: Ба истиќболи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон љамъомади тантанавї доир гардид

30 октябри соли 2019 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон љаласаи тантанавї баргузор гардид. Дар љамъомад намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон њузур доштанд.

Љаласаро бо суханони ифтитоњї муовини якуми директор Пирназарзода Диловар Мањмадназар њусни оѓоз бахшид.

Сипас, намояндагони Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон Њошимзода Даврон ва Донишкадаи идоракунии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Абдулхонов Файзалї дар бораи бобњои алоњидаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон суханронї намуданд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчун санади муќаддасу таќдирсози миллат дар рушду ободї ва оромии кишвар наќши муассир дорад.

Дар љамъбасти љаласа табрикотњо ба муносибати таљлили 25-умин солгарди Конститутсияи Љумњурии Тољикистон шунида шуда, байни  иштироккунандагон оид ба муќаррароти Конститутсияи Љумњурии Тољикистон музокирот доир гардид.