ХАБАРҲО

2019-10-25: Семинари омўзишӣ љињати баланд бардоштани маърифати њуќуќии истењсолкунандагон

Имрўз дар бинои Агентии Тољикстандарт аз тарафи мутахассисони Раёсати бамеъёрдарории техникї ва стандартонї бо иштироки 39 нафар намояндагон ва масъулони коргоњ ва корхонањои истењсолии шањри Душанбе ва ноњияи Рудакї семинари омўзишї дар мавзўи «Тамѓагузорї- омили таъмини бехатарии мањсулоти хўрокворї» баргузор шуд.

Роњбарияти Агентї дар оѓози семинар ќайд намуданд, ки  сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли мањсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Дар ин робита Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Таъмини рушди  фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад». Қайд гардид, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорї, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.  Мавриди зикр аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат дар мулоќот бо саноатчиёни кишвар санаи 14 октябри соли љорї таъкид намуданд.

Дар робита ба пешнињодњои Пешвои миллат таъкид гардид, ки семинари имрўза бо мақсади балаланд бардоштани маърифатнокии соњибкорон ва вусъат додани корњои фањмондињӣ гузаронида мешавад.

Баъдан тибќи барномаи тасдиќгардида мутахассисон ба иштирокчиёни семинар оид ба талаботи Регламентии техникии Љумњурии Тољикистон «Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї»  маълумоти муфассал доданд. Дар аснои семинари омўзишї истењсолкунандагон бо талаботи ин њуљљати меъёрии техникии талаботаш њатмї шинос гардида, ба саволњои худ љавобњои мушаххас гирифтанд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки њангоми истењсоли мањсулот талаботи ин њуљљати меъёрї ќатъиян риоя карда шавад, чунки тамѓагузории мањсулот яке аз омилҳои таъмини бехатарии он ба истеъмокунандагон ба шумор меравад.