ХАБАРҲО

2019-10-04: Забони тоҷикӣ – мероси гаронарзиши ниёгони миллати тоҷик

Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ тањти унвони «Забони тољикї – мероси гаронарзиши ниёгони миллати тољик» бо иштироки меҳмонон – устодони Донишгоњи миллии Тољикистон профессор Умар Сафар, дотсент Байзоев А. ва доираи васеи кормандон чорабинии идона баргузор гардид.

Муовини директори Агентї Шерзода С. Љ. љамъомадро ифтитоњ бахшида, њозиринро ба ифтихори ин рўзи муњим – Рўзи забони давлатї шодбош намуд. Зикр гардид, ки забони давлатии мо – забони тољикї яке аз рукнњои асосии давлатдории миллии мо ба њисоб рафта, рамзи калидии шинохти миллати тамаддунофар ва асоси њувияту худшиносии мо мебошад. Забони тољикї дар масири њазорсолањо хазинаи бузурги фарњангу маънавиёти моро њифз намуда, мањз тавассути њамин забон њофизаи таърихиву фарњангии мо ташаккул ёфта, аз насл ба насл интиќол меёбад.

Њамаи мо огањ њастем, ки забони давлатї дар маркази таваљљуњ ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дошта, имрўз дар сатњи олї эњтиром ва эътироф карда мешавад. Мањз талошу зањматњои Пешвои муаззами миллат буд, ки ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» таѓйиру иловањо ворид гардида, татбиќ он дар њама сатњу зина ва самту соњањо таъмин карда мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Умар Сафар ва дотсент Байзоев А. оид ба асолату шево ва њифзу гиромидошти забони тоҷикӣ суханронї намуда, ҳамзамон қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ имрўз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Рўзи забони давлатӣ дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои кишвари азизамон қарор дорад.

Њамзамон, устодон изњор доштанд, ки ки имрўз мо бояд бо таваљљуњ ба наќш ва маќоми забон дар ташаккули давлати миллї ва шинохти миллат забони худро покиза нигоњ дошта, аз он пуштибонї кунем. Забон ба мисли падидаи нодир ба ѓамхорї ниёз дошта, поку беолоиш нигоњ доштани он вазифаи муќаддаси мо ба њисоб меравад.