ХАБАРҲО

2019-09-25: Семинари омӯзишӣ оид ба ғизонокгардонии маҳсулоти хӯкорворӣ ва риояи талаботи меъёрӣ дар вилояти Суғд

Боиси зикр аст, ки татбиқи ҳадафи стратегии чоруми мамлакат мавқеъ ва мақоми кишвари моро дар сатҳи байналмиллаӣ боло бардошта, дар ин замина даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидаистодааст, ки он баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Дар доираи амалї намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи кории Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмиллалӣ-омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатарҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар семинари мазкур роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт ва марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом ва Исфара иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Сангин Сангинзода семинари омӯзиширо ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсади асосии семинар шиносоӣ бо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йоднокгардонии намак”, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаву муассисаҳо, талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ", “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ” иборат мебошад.

Дар идомаи семинар муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора баромад намуда, зикр дошт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии соҳибкорон ва тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона карда шудааст. Изҳор карда шуд, ки давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба фаъолият шурӯъ намуд ва хушбахтона воридоти чандин намуди маҳсулотҳои ғизоӣ, ба хусус маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, обҳои нӯшокӣ, афшураҳо, маҳсулотҳои қаннодӣ ва шириниҳо аз хориҷи кишвар ба мамлакати мо хеле коҳиш ёфта, якчанд номгӯи маҳсулоти хӯрока ба хориҷи кишвар содирот карда мешаванд.

Инчунин, таъкид карда шуд, ки талаботи ҷаҳони муосир ба маҳсулоти рақобатпазир зиёд гашта, донистани моҳияти ҳар як санадҳои меъёрӣҳуқуқӣ, ба хусус татбиқи талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмиллалӣ дар раванди истеҳсолот барои пешравии фаъолияти ширкатҳои истеҳсоли маҳсулотҳои ғизоӣ мусоидат мекунад ва баҳри бехатарии ҳаёти инсон ва табиат равона карда шудааст. Талаботи регламентҳои техникии қабулгардида корхонаҳоро вазифадор месозад, ки вобаста ба соҳаи фаъолияти худ бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро ба роҳ монанд

Коршиносон дар маърўзаҳои худ зикр намуданд, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза ин татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йоднокгардонии намак” мебошад, зеро истифодаи намаки йоднокардашуда аз ҳама ҷиҳат ба саломатии инсон фоида дорад. Мутаассифона, аз беаҳмиятии баъзе аз соҳибкорон дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо намакҳои ошии йоднокнашуда ба фурӯш бароварда мешаванд, ки ин ба ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон хатар эҷод мекунад. Зикр карда шуд, ки аз миқдори умумии ташхисҳое, ки дар озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрокаи Агентии Тоҷикстандарт дар соли 2018 вобаста ба намаки ошӣ гузаронида шудааст, зиёда аз 30 дарсади он ба талаботи стандарт мутобиқат намекунад. Аз ин хотир истеъмолкунандагон дар вақти харидорӣ ба талаботи тамғагузорӣ, банду баст, санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли намаки ошӣ бояд эътибори ҷиддӣ дода, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд.

Дар семинари мазкур аз ҷониби мутахассисони шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартӣонии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд оид ба талабот ва моҳияти регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” ва “Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ. “Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ” маърўзаҳо  пешниҳод карда шуд. Зикр карда шуд, ки маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ аз ҳама ҷиҳат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошанд ва бо маҳсулоти воридотї рақобат карда тавонанд. Дар ин маврид агар яке аз талаботҳои муҳим ин сифат ва бехатарии маҳсулот бошад, талаботи дигари ҳатмӣ ин тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ки дар он пеш аз ҳама маълумоти саҳеҳ барои истеъмолкунандагон пешниҳод карда мешавад. Ёдрас кардан ба маврид аст, ки мутобиқи талаботи қонунҳо ва регламентҳои техникӣ агар маҳсулоти хӯрокворӣ бо тартиби муқарраршуда тамғазанӣ ва нишонгузорӣ нашуда бошад, маҳсулоти хӯроквории хатарнок ҳисобида мешавад.

Яке аз мақсадҳои семинар низ фаҳмонидани талаботи ҳатмии регламентҳои техникӣ ва дар ояндаи наздик ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта мебошад.

Маҳкамбой Каримов,

сардори дафтари матбуоти

Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд