ХАБАРҲО

2019-09-19: Тоҷикстандарт: Ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ омили рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

19 сентябри соли 2019 дар Агентии Тоҷикстандарт бо маќсади татбиќи њадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани сифат ва раќобатпазирии молу мањсулоти истењсоли ватанї бо ҷалби соҳибкорон оид ба ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартњои байналмилаии силсилаи ИСО 9000 семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар оғоз директори Агентии Тољикстандарт Давлатзода Ќ. Ќ. бо соҳибкорон суҳбати хоса ороста, оид ба омилҳои рушду тараққӣ додани иқтисоди кишвар тавассути баланд бардоштани сифати молу маҳсулот ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар рафти кору фаъолияташон пешниҳоду таклифҳо манзур намуд. Иброз гардид, ки то имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва омӯзиши  низоми менеҷменти сифат ва стандартҳои байналмилии силсилаи ИСО 9000 семинарҳои омӯзишии сатҳи баланд бо иштироки экспертҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад, ки барои фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои мамлакат зарурати аввалиндараҷа дорад.

Дар ҷараёни семинар намояндагони беш аз 40 корхонаи истеҳсолии ватанӣ ва нуқтаҳои маишиву хизматрасонӣ ширкат карда, бо  манфиату зарурати ҷорӣ намудани  низоми менеҷменти сифат шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани кору фаъолият дар корхонаҳои ватанӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба монанди ISO 9000 ва HAССP  яке аз омилҳои асосии роҳ ёфтани истеҳсолгарон ба бозорҳои  кишварҳои тараққикарда аст. Имрӯз дар кишвар беш аз 268  корхонаи истеҳсолӣ ва нуқтаҳои маишиву хизматрасонӣ дорои сертификати байналмилалӣ мебошанд, ки аз қадамҳои нахустини кор дар истеҳсолот ва то ба дасти истеъмолкунанда расонидани маҳсулот тибқи талаботи стандартҳои  ҷаҳонӣ кору фаъолият мекунанд. Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ  аз баромади мутахассисони Агентӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни стандартҳои байналмилӣ маълумоти мушаххас гирифта, бо мазмуну моҳият ва зарурати ҷорӣ кардани он дар раванди кори худ шинос гардиданд.

Таҷриба нишон додааст, ки тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизмтарасону маишии давлатҳои мутараққии олам барои ҷалби бештари мизоҷон ва рақобатпазир гардонидани молу маҳсулоту хизматарсонӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ кору фаъолияташонро ба роҳ монда ба мувафаққият ноил гардидаанд. Имрӯз тақозои замон аст, ки соҳибкорони ватанӣ ҳам фаъолияти худро бо истифода аз  стандартҳои байналмилалӣ самаранок намуда, молу маҳсулоти сифатан ҷавобгӯ, бехатар ва ба содирот рақобатпазирро истеҳсол намоянд.